САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
Аммо журналистони кишвар низ ҳазл карданро дӯст медоранд ва
дар санаи 1-уми апрел хабарҳои фейкиро, ки зимнан, қисме аз тамошобинон ба он бовар мекунанд, омода ва пахш менамоянд.
Пахш кардани навори «Форел дар Ала-Арча»
Шарҳу эзоҳи омӯзгор: Ба донишҷӯён фаҳмонидани он ки ин мавод ҳазоломез
буда, санаи 1-уми апрел аз шабакаи интернетии ТВ1 пахш шудааст. Хулоса: Чӣ метавонад фейк бошад? Натанҳо эълон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, балки ҳатто саҳифа, ки аз номи як нафаре, ки эълонҳо, аксу тасвирҳоро пахш мекунад, ба таври умумӣ бигӯем, ҳама чиз метавонад фейк бошад.
Қадами 1. Ба ду гурӯҳ ҷудо кардани иштирокдорон.
Қадами 2. Пешакӣ тайёр кардани варақаҳо.
Қадами 3. .супориш ба гурӯҳҳо: дар бораи тасвире, ки дар инҷо нишон дода шудааст, ҳикояи хурди воқеӣ фикр кунед.
Қадами 4. Презентатсияи (нишон додани) гурӯҳҳо. Ҷавобҳои таваккалии иштирокчиёнро гӯш кардан.
Қадами 5. Илова ва такмили омӯзгор. Баъди муҳокимаронӣ нишон додани тасвире, ки ҳар ду тарафи суратро нишон медиҳад.
Савол: андешаи шумо дар бораем воқеоти ин тасвир акнун чӣ гуна шуд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё