Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Қадами 6. Гӯш кардани ҷавобҳои тахминии иштирокдорон.

Қисми аввали тасвир ба мо дар бораи муносибати дурушт ва асирон сухан мегӯяд ва қисми дигараш бошад моро ба иштибоҳ андохта мефаҳмонад, ки афсари қӯшуньои дӯстона имкон медиҳад, ки об нӯшанд, ва ё метавон гуфт, ки бо асирон хеле хуб муносибат мекунанд.
Аммо ҳақиқат инҷост, ки ҳеҷ чизи комилан сафед- яъне хеле меҳрубонона муносибат кардан ба асирон ва комилан сиёҳ- муносибати комилан дурушт вуҷуд надорад. Бале, ин асир аст, аммо бо ӯ дурушт муносибат намекунанд, танҳо ба ӯ бовар надоранд, аз ин рӯ даҳони милтиқро ба сари ӯ гузоштаанд.

Бо ин тасвир “мем”-и наве пайдо шуд, ки чӣ гуна гирифтани иттилоъро аз сарчашмаҳои гуногун нишон медиҳад.

Васоити ахбори умум меъёрҳои этикаи касбии журналистро, ки равшанӣ андохтан ба ҳодиса ё воқеаро талаб мекунад, риоя менамояд.
Журналистон ҳамчун сарчашмаи аввалияи иттилоъ дар бисёр маврид таърихи воқеаро ба пуррагӣ нақл мекунанд. Аммо чунин ВАО-е низ вуҷуд доранд, ки ба шумо ҳодисаро танҳо аз як тараф, ё асири дар сараш мили милтиқбуда ё аскаре, ки имкони об нӯшиданро медиҳад, инъикос менамоянд.

Машғулияти мазкур ба он хотири нишон додани он аст, ки ҳар чи қадаре, ки мо дар бораи ин ҳодиса ва таърихи он бисёртар донем,
ҳамон қадар метавонем бештар тасвирро дарк кунем. Вале агар дониши мо танҳо яктарафа бошад ба пуррагӣ дида ва дарк карда наметавонем. Вақте имконӣ ба пуррагӣ дастрасӣ пайдо кардан ба иттилоъ нест, ҳамҷунин дар қисме аз таърихи ҳодиса холигӣ мавҷуд аст,
тафаккури интиқодӣ ёрӣ медиҳад то дарк кунем, ки посухи додашуда ғайри қобили қабул аст.

Дар ҳоле ки донишҷӯён ба таърихи саҳеҳи ин тасвир мароқ зоҳир кунанд, фаҳмонидан мумкин аст.

Қӯшунҳои пиёдагарди баҳрии амрикоӣ дар қисми ҳарбии экспедитсионии 15-ум афсари ироқиро бо обдони бузург лаҳим мекунанд. Ҳудуди 200 аскари ироқӣ ба қӯшуни ин қисми ҳарбӣ баъди як соати ворид шудани онҳо ба ҳудуди Ироқ аз ҷониби шимоли Қувайт таслим шуданд. Ироқи ҷанубӣ, 21 марти соли 2003. Акс дар соли 2003 гирифта шудааст.

пешина
аз 126
навбатӣ