САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
“Фастфуд”-и иттилоотӣ ва ё иттиллои сабук мағзи сарро заиф мекунад, ин
ьамеша чунин буд. Дар рӯзномаҳо, масалан, саҳифаи охир ба ҳаҷв, толеъномаву
фактҳои ҷолиб бахшида мешавад. Ҳар чӣ бештар шумо чунин иттилоъи сабукро
гиред, ҳамон қадар бештар рағбат пайдо мекунед.
Аз дидани аксҳои хандаовари гурбаҳо оғоз карда, ба дидани сурати сагча, баъд
аз он ба яхтаҳои ситораҳои машҳури шоу-бизнес идома медиҳед ва шуморо нигоҳ
дошта намешавад. Ман наметавонам ба шумо маслиҳат бидиҳам, ки маълумоти
сабукро умуман истифода накунед. Аммо эътидол ва донистани истеъмоли онро
нигоҳ доред. Вагарна қурбонии найранги иттилоотӣ шудан мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё