Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Қадами 2. Савол: шумо таърихи ин тасвирро медонед? Нақл кунед.
Қадами 3. Агар ҳеҷ кас надонад ягон нафарро хоҳиш кунед то матни эълонро бихонад.
Қадами 4. Савол ба аҳли синф:

  1. Чӣ қадар одами зиёд ин хабарро хондааст ва хостааст, ки ин сагчаи хушзотро муфт
    бигирад?
  2. Чӣ қадар одамон мехоҳанд танҳо барои ёрӣ ин иттилоъро дар саҳифаҳои иҷтимоии
    худ бознашр кунанд (вконтакте, одноклассники, мой мир, фейсбук, инстаграм ва ғайраҳо.)
  3. Ин хабар барои чӣ сохта шуда аст, шумо чӣ фикр мекунед?
    Қадами 5. Нақл кардани таърихи фейк: Ин акс бо матнаш дар сомонаҳои иҷтимоӣ
    солҳост, ки мегардад. Фикр кунед, кадом саволҳои иловагиро ин матлаб дар зеҳни шумо
    бедор мекунад? Назари интиқодии худро ба кор бурда ҳолатҳоеро қайд кунед, ки ин
    эълон шуморо ба шубҳа кардан водор намудааст.
    Қадами 6. Шунидани иштирокчиён.
    Қадами 7. Илова ва такмили омӯзгор.
  4. Чаро нуқтаи аҳолинишин, шаҳр ё ҳатто кишваре, ки он ҷо хӯҷаинҳо мехоҳанд сагчаҳои худро ғарқ кунанд, ишора нашудааст?
  5. Чаро ҷузъиётҳо нестанд, чанд духтар, чанд писар байни сагчаҳо ҳастанд, ба телефони нишондодашуда ба кӣ бояд муроҷиат кард?
  6. Чаро соҳибони сагчаҳо мехоҳанд онҳоро, ки арзиши гарон доранд, ғарқ кунанд? Ба
    ҳисоби миёна дар Русия сагчаи навъи далматинтса 300 доллар арзиш дорад. Дар сабад 15 сагча, кӣ мехоҳад 4500 долларро ғарқ кунад?
  7. Агар шумо дар шаҳри дигар ё кишвари дигар зиндагӣ мекунед, чаро иттилоъро
    паҳн мекунед?
    Телефони ишорашуда – ин рақми махсусе, ки ҳангоми занг задан аз ҳисоби
    телефони шумо пул гирифта мешавад ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто пули зиёд.
    Ин навъи иттилоъро фейк меноманд. Фейк аз калимаи англисии fake – сохта, қалбакӣ гирифта шудааст. Википедия дар бораи он чунин маълумот медиҳад. Иттилооти
    дурӯғину қалбакӣ – ин иттилооти барқасдона паҳншуда дар расонаҳои иҷтимоӣ ва
    ВАО-и анъанавӣ бо мақсади фиреб кардан ба хотири ба даст овардани пул ва манфиати сиёсӣ мебошад.
    Кадом намуди фейкҳоро медонед?
пешина
аз 126
навбатӣ