Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Қадами 2. Мубоҳиса ва муаррифии омӯзгор.
Чаро мо чунин мешавем? (шунидани ҷавоби донишҷӯён)
Барои он чунин мешавем, ки мо иттилооти “фастфуд”-иро истеъмол мекунем. Одамон барои фикр кардани сухан ва ба таври дақиқ баён намудани андешаи худ танбалӣ мекунанд. Онҳо танҳо “луқмаи тайёр”-ро дар муоширати худ фурӯ мебаранд ё
дар бораи он ки гӯё онҳоро нороҳат месозанд, бисёр хабарҳои монанд мебофанд.
Савол ба аҳли синф: Хатари истеъмоли иттилооти нолозим дар чист? Муҳокимаи
мисолҳои пешниҳоднамудаи донишҷӯён.
Карахтии тафаккури танқидӣ. Тафаккури танқидӣ қобилиятест, ки ба самтбахшии
фикр, тасмими дуруст гирифтан ва рад кардани чизҳои зиёновар ёрӣ мерасонад.
Дар сурати заиф шудани тафаккури танқидӣ қобилияти таҳилгарӣ коҳиш меёбад.
Дар натиҷа мо ба ҳар чизе, ки хондем, бовар мекунем. На ба ҳар чизи навишта мешавад бовар кард. Дар ин бора дар поёнтар изҳори назар мекунам.
Ҳамин тавр, тафаккури танқидӣ ин қобилияти дидани мавзӯъ ё ҳодиса аз дидгоҳҳои
мухталиф мебошад, на танҳо аз зовияе, ки ба мо нишон медиҳанд.
Пас, чӣ гуна иттилоотро истеъмол бояд намуд? Хондани ҳар чизе, ки ба даст ояд,
зарур нест. Иттилои навбатиро омӯхта, ба худ савол диҳед, ки чӣ гуна метавон роҳи
мутобиқат бо онро пайдо намуд? Маълумоти нави гирифтаи шумо барои беҳбуди
зиндагии шумо ба кор меояд? Вақте ки мактабро хатм мекунед, шояд баъди донишгоҳи оли низ кор меҷӯед, тавоноии шумо ҳамчун коргар на иттилоъ, балки қобилияти таҳлилгарии шумо, хоҳад буд. Зеро он иттилоъи шумо доштаро метавонанд
дигарон низ дошта бошанд. Мащзи сари худро бо иттилооти бехуда пур накунед.
Қадами 3. Савол ба донишҷӯён:
Ба назари шумо оё рад кардани “фастфуд”-и иттиолотӣ лозим аст? (Даҳонакӣ. Зуд.)
Шунидани ҷавобҳои донишҷӯён.

пешина
аз 126
навбатӣ