Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Мем (англ. meme) — воҳиди хурди иттилооти фарҳангӣ. Ҳама гуна ғоя,
рамз, рафтор ё тарзи ҳаракат, ки дониста ё надониста аз касе ба касе тавассути
сухан, мактуб, навор, имову ишора ва ғайраҳо дода мешавад, метавонад мем ба
шумор равад.
Мем тарзи ифодаи эҳсосоти шахсӣ бо ёрии сухан ё қаҳрамони машҳур мебошад.
Мемҳо устувор ба зиндагии мо ворид шуданд. Ҳангоми суҳбат бо дӯстону ҳамкорон
бисёриҳо суханони вируснокро ба кор мебаранд ва мекӯшанд, ки бо ҳар роҳ қаҳрамононро таҷассум кунанд.

Вақтҳои охир истифодаи суратҳои гуногун барои ифодаи муносибат ё эҳсос дар ҷараёни суҳбати виртуалӣ маъмул шудааст.
Чаро одамон калимаҳоеро, ки худ фикр кардаанд, кам истифода мебаранд ва суханони қолабию пешакӣ тайёршударо ба забон меоранд? (Мубоҳиса 2-3 дақиқа) Ҳар
чанд вақт шумо инро ба кор мебаред?
Ба маълумоти омӯзгор:
Мубоҳисаро ба муҳокимаи тамоюлҳо чун забони муошират равона кунед. Бисёриҳо
мегӯянд, ки ҳоло эмодзи (аломатҳои хандон дар мессенҷерҳо) забони нави муоширати байналмилалии ба ҳама фаҳмо мебошанд.

Инак, мисоли истеъмоли иттилооти нолозим, вақте ки одам ба истифодаи
шумораи маҳдуди калимаҳо барои коммуникатсия одат мекунад.
Ин сурат ё он гуна, ки онҳоро “мем” меноманд, ба таври дақиқ инсони муосир – истеъмолгари иттилоотро нишон медиҳанд, ба ҷои он ки фикр кунад, ҷавоби ӯ ҳамеша тайёр аст: лол. Лол худ чист?
LOL ҳамчун лол ё эл-о-эл (аз англисӣ laughingoutloud — баланд, шунаво хандидан
ё lotsoflaughs — хандаи бисёр) — акроними забони англисӣ, интернет-мем. Ин истилоҳ дар шабакаҳои муоширатӣ ҳамчун воситаи асосии ифодаи ханда дар шакли
мактуб истифода бурда мешавад.

пешина
аз 126
навбатӣ