Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

БАРОДАР, ХОҲАР ВА ХЕШУ ТАБОРОНИ МАН

Намедонам, пас аз чанд гоҳи мурдани падарам, ояи хурдӣ аз ҳавлии мо кӯчида рафт. Акнун ҳарду ҳавлӣ ба ихтиёри ояи калонӣ монда буд. Ояи калонӣ бо модари пир, вале хеле ҳушёр, коркун ва дарздӯзаш, бо бародари бекорхӯҷа ва камақлаш, ки девонафеълтар буд, бо мо дар ҳарду ҳавлӣ зиндагиро сар кард. Дар ҳавлии берун (ки дар вақташ ҷомашӯйхона буд, як меҳмонхона ва як таҳхонаи калон дошт) як коркуни падарам (ҷавони бисту се, бисту панҷ сола) истиқомат мекард. Ин ҷавон аз ҳисоби идораи падарам буд, ки ба асп нигоҳубин мекард. Пас аз вафоти падар аспро баргашта гирифтанд, вале ҷавон дар ҳамон меҳмонхона истиқомат кардан гирифт. Ояи калонӣ ҳам ба истиқомат кардани вай зид набуд, зеро вай ба модагови сершири оякалон шабҳо қаровулӣ мекард. Ҷавони босавод буд, ҳар хел китобҳо, қисса ва ҳикояҳо, ҷангномаҳоро оварда ба мо хонда медод. Ҳусусан бародарам Нуриддинҷон бо мамнуният ва завқи калон гӯш мекард. Ману акаам дар як хоначаи ҳавлии якум истиқомат доштем. Акаам дар кадом як идора хаткашонӣ мекард, ман мехондам. Пас аз гузаштани ду-се моҳ бепадари ба мо сахт таъсир кардан гирифт. Оякалон рӯзгори худро тамом ҷудо кард, ба мо як даҳон нон намедод. Ҳаминро қайд кунам, ки пас аз ду-се моҳи вафоти падарам вай як духтар зоид, ки номашро Вориса гузоштанд. Ин хоҳарам ҳоло ягона наздиктарин авлоди ман аст, ки дар Бухоро муаллимӣ мекард ва ҳоло ба нафақа баромадааст. Ду духтар дорад. Аммо оякалон, ки аз ҳеҷ ҷо даромаде надошт, фақат бо

пешина
аз 339
навбатӣ