Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

шири модагов (қисман фурӯхта, қисман ба хӯроки бачаҳо кор мефармуд) зиндагӣ мекард, мушкил буд. Модараш калапӯшдӯзӣ мекард, бародараш калапӯш мефурӯхт ва ба модагов нигоҳубин мекард. Духтари калони оя – Матлуба ва писараш Зайниддин мехонданд.

Ба мо аммаам ва хешу таборон ёрӣ мерасониданд. Зимистон ангишт оварда доданд. Як гӯсфанд кушта доданд, ки гӯшту равғани онро мо бирён карда монда, пеш-пеш ба сандалӣ гарм карда мехӯрдем. Ҳамин тавр рӯз мегузарондем.

Чи тавре ки гуфтам, бародарам китоб гӯш карданро дӯст медошт. Худаш дуруст хонда наметавонист. Пас аз оне ки ҷавони коркуни падарам аз ҳавлии мо рафт, китобҳони ба сари ман афтод. Бародарам бо ҷӯраҳояш ҷамъомада маро маҷбур мекарданд, ки «Абомуслим», «Аҳмади Замчӣ», «Ҳотамнома» барин ҷангнома ва қиссаҳоро хонда диҳам. Музди хонданам ҳар рӯз сӣ тин буд. Ба сӣ тин бегоҳиҳо бо ҷӯраҳо ба кино рафта ба қаторҳои аввал (арзонтарин ҷоҳо) билет гирифта филмҳои америкой - Тарзан, Шортӣ ва ғайраро тамошо мекардем. Рӯзона китоб хондан, дарс тайёр кардан ва бегоҳӣ дар қаторҳои пеш нишаста кино тамошо кардан ба чашми ман таъсири бади худро гузоштанд, ки онро ман баъдтар донистам, вале пушаймонӣ бефоида буд. Маҷбур шудам, ки дар сӣ солагӣ айнак гирам.

Бародари калонам савияю дониши паст дошт, бинобар он дар ягон мактаби миёна ва олӣ таҳсил карда натавонист. Андак савод бароварду дар идораҳо хаткашонӣ ва дигар корҳои майда-чӯйдаро адо мекард. Ба ман на аз ҷиҳати моддӣ ва на аз ҷиҳати маънавӣ ёрӣ дуруст расонида наметавонист. Лекин бародари ҷонӣ буд, ба ман меҳр дошт, ман ҳам ӯро дӯст медоштам. Мо гоҳ-гоҳ ба назди

пешина
аз 339
навбатӣ