Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
воқеъ гашта буд, ки бобо ва бобокалонҳои оила дар онҳо мадфун буданд. Падарамро низ дар он қатор дар як сагонаи хиштини калон гӯр карданд. Дар ин гӯрхона боз як ҳавлие буд, ки дар он фақат қабри занҳо, дар ҳавлии дигар қабри мардҳо ва дар қафои гӯрхона қабри хизматторҳо мебуд.
Ману акаю язнаю амакбачаҳо се рӯз саҳарқатӣ ба сари қабри падарам рафтем, қориҳо Қуръон хонданд ва мо ба онҳо нону ҳалвою пул садақа карда баргаштем.
Бо ҳамин ба арвоҳи падари бузургворам фотиҳа хондем! Хайрият ки падарам – ҷавонмарг шуда бошад ҳам – дар сари вақт мурдааст. Агар дертар ва бисёртар умр медид, албатта ба ҳабсу табъиди сталинӣ гирифтор мешуд ва ба чӣ хорию зориҳо мурда мерафт, чунончӣ амаки Аминҷонмахсум ва садҳо дигарон ба ин бадбахтӣ гирифтор шуданд. Чӣ касони нағз, чӣ касони олиҷаноб аз дасти золимон ва хунхӯрон нобуд шуданд, қир гаштанд! Афсӯс!
Қайд:
Пас аз чанд сол – дар соли 1929-30 на пуштаҳои беруни дарвозаи мазор монд ва на гӯрхонаҳои мо! Ҳоло на гӯри падарам, на гӯри модарам ва на гӯри дигар хешовандонам ҳаст. Ба ҷои ҳамаи ин қабристонҳо пахта коштанд. Ҳамон рӯзҳо дар газетай Бухоро як сурат чоп карданд: мардикоре сагонаеро вайрон мекард ва хишти онро мегирифт. Дар зери он сурат навишта буданд: «Хишти қабр хеле сахт аст, аз ин хиштҳо иморатҳои нав месозем!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё