Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

АдабиётТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Вале мутассифона ин андешаи бачагона будааст; зеро пас аз марги падарам зиндагӣ бо худи ман бевосита найрангбозиҳое кард, ки шарҳи он дар зайл меояд.

Ҷанозаи падарамро дар саҳни масҷиди Девонбегӣ хондани шуданд. Маълум мешавад, ки он рӯз ҷумъа будааст. Ману акааму дигар ман барин ҷавонҳои ақрабоямон дар даст асо гирифта, пеш-пеши тобут гирёну нолон мерафтем. Дар пешу қафои тобут одами бисёре ҳамроҳ мерафтанд. Дар кӯча аксарияти раҳгузарон пои тобутро гирифта ҳафт-даҳ қадам мебурданд ва ниҳоят ба саҳни масҷиди Девонбегӣ расидем. Саҳни масҷид он қадар аз одам пур буд, ки мо ба поён нафуромада, ба боло – ба растаи Ангиштиён, дар дами дарвозаи саҳни масҷид истода мондем. Баъд дар хотирам намондааст, то ба гӯрхона мо пиёда рафтем, ё ки моро ба фойтуне савор карда бурданд, намедонам. Гӯрхонаи авлоди мо дар беруни дарвозаи Мазор буд.

Аз дарвозаи Мазори Бухоро, ки баромадед, дар ду тарафи роҳи калони пурҷанг, пуштаҳо баланд шуда рафта буданд. Қабр ба болои қабр, қабр ба болои қабр ва дар баландӣ, дар миёни ин қабрҳо кулбае менамуд, ки ба болои он туғ буд ва гӯё қабри кадом авлиёи мӯътабаре буд дар он ҷо. Аммо гӯрхонаи мо ва гӯрхонаҳои қазо ва қазоҳои шаҳр (гӯрхонаи кушбегӣ, раиси Бухоро, гӯрхонаи Муфтиаскар ва бойҳои машҳур) дар як кӯчае буд, ки пас аз пуштаҳо воқеъ гашта. Дар ин кӯча ҷӯи пуроб, дар ду тарафи кӯча дарахтҳои сабз. Гӯрхонаҳо бошанд, мисли мадрасачаҳо бо пештоқҳо, дарвозаҳои дутабақаи калон ва хеле хуштарҳ буданд. Ман гӯрхонаи худамонро дар хотир дорам, ки саҳни васеъе дошт ва дар атроф ҳуҷраҳои бисёре буданд, ки дар онҳо кӯркориҳо истиқомат мекарданд. Дар як тарафи саҳни ин мадрасача чаҳор-панҷ қабри калон

пешина
аз 339
навбатӣ