Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
шарикаш гузорад ҳам, вай мандонамӣ карда, тарбузҳои хомро мебуридааст...
Ана ҳамин Мазҳармахсум пас аз инқилоб ба Бухоро баргашта муаллимиро касб мекунад.
Аз вай пурсанд, ки:
– Дарси ҳисоб медиҳед?
– Бале, мегуфтааст.
– Дарси ҷуғрофия?
– Бале!
– Дарси таърих?
– Бале!
– Дарси табииёт?
– Бале!
– Дарси иҷтимоиёт?
– Не, гардам! – мегуфтааст, – иҷтимоиёт дарс додан кори мо не!
Мазҳармахсум дар дорулмуаллимин дарси ҳисоб ва дарси ҷуғрофия медод.
Аз дарси ҳисоб ману Яҳё Юлдошев (яке аз рафиқони қадрдони ман, ки дар Тошканд истиқомат дошт ва дар он ҷо солҳои бисёре муҳаррири калони Узтаг шуда кор мекард ва соли 1988 вафот кард) аз ҳама пешқадам ва аълохон будем. Як рӯз Мазҳармахсум ҳамин хел як имтиҳон кард. Ба як тарафи доска (тахта) Яҳё ва ба тарафи дигараш маро гузошта ба ҳардуямон як масъаларо дод, ки ҳал кунем, канӣ кадомамон пешдастӣ мекунем. Ду кас бӯрро шараққос занонда кор кардем, лекин Яҳё аз ман нимдақиқа пештар масъаларо ҳал кард. Ман аз алам гиря кардам. Лекин Мазҳармахсум ба ҳар дуямон ҳам баҳои аъло дода маро тасаллӣ бахшид:
– Ту ҳам писарам нағз, аз Яҳё камӣ надорӣ!
Мо дарс додани Мазҳармахсумро дӯст медоштем. Зеро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё