Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

хоҳарам ва оям гуфтанд, ки давида ба ҳавлии Мукаммилмахсум равам, ки падарам ба он ҷо барои ман ба арз рафт. Ман ба ҳавлии Мукаммилмахсум рафтам, ки падарам дар меҳмонхона бо Мукаммилмахсум ва Мазҳармахсум (бародари калонии Мукаммилмахсум) сӯҳбат карда нишастааст. Маро дида хурсанд шуданду воқеаро пурсиданд. Ман гуфта додам. Мазҳармахсум ҳам хурсанд шуда гуфт, ки нағз шудааст, дар дорулмуаллимин дар андак муддат мулло мешавад. Баъд маълумам гардид, ки худи Мазҳармахсум ҳам яке аз муаллимони дорулмуаллимин будааст.

Мазҳармахсуфро устод Айнӣ дар ёддоштҳои худ чун «Ака ҳоҷӣ» ё ки «Ака махсум» ном бурдаанд ва корномаҳои аҷоиби ин одами аҷоибро тасвир кардаанд. Мазҳармахсум ҳам дар вақташ дар қатори Фитрат, Исмоил Садрӣ ва дигарон ба Туркия рафта, хонда омада буд. Дар Туркия бечорагӣ ва бенавоӣ кашида, мардикорӣ ва фурӯшандагӣ (масалан мева) кардааст. Ҳикоят мекунанд, ки боре аз қишлоқ рафта ду чувол тарбузро ду кас (номи шарикашро фаромӯш кардаам – вай ҳам бухорой) арзон харида ба шаҳр оварда, ба сари кӯча гузошта ба нархи гаронтар ба фурӯхтан сар кардаанд. Мазҳармахсум, ки донотар ва тарбузшинос будааст, бо овози баланд мегуфтааст:
– Кесиб, кесиб вераҷям (яъне бурида-бурида медиҳам)!

Агар харидор бурида доданашро хоҳад, тарбузи пухтагиро ҷудо карда гирифта мебуридааст, ки сурх мебаромадааст ва ба харидор маъқул шуда тарбуз харида мерафтааст. Шарикаш ҳам ба вай тақлид карда «кесиб, кесиб вераҷям» мегуфтасту тарбузи ба даст рост омадаро гирифта мебуридааст, ки сап-сафед, хом мебаромадааст. Пас, харидор аз вай ранҷида, дур мешудааст. Мазҳармахсум тарбузҳои пухтагиро ҷудо карда, ба назди

пешина
аз 339
навбатӣ