Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

бурда мондаму офтобаро гирифта фуровардам. Мудири бадкавок офтобаро гирифта, ба мо тарзи таҳорат карданро омӯхт.

Хайрият, ки он падарсагро зуд аз мо гирифтанду ба ҷояш Аҳрор Шерзода омад, ки ин одами хеле бофаросат, доно ва педагоги ҳақиқӣ буд. Афсӯс, ки пас аз чанд гоҳ ӯро ҳам гирифтанд. Маълумам шуд, ки аз мо гирифта ба дорулмуаллимин мондаанд.

Дорулмуаллимин аввалин мактаби баландмартаба буд, ки муаллим тайёр мекард. Бинобар он беҳтарин муаллимҳои шаҳрро ба он ҷо ҷамъ карда, шароити фаровон дода буданд. Ҳар рӯз пас аз дарсҳо (дар соати сеи рӯз) ош медоданд, либос медоданд. Баъдтар ба талабаҳое, ки хоҳиш доштанд, хобгоҳ доданд (ба онҳое, ки аз қишлоқи атроф омадаанд, ё ки шароити зиндагиашон сахт аст). Ман ҳеҷ гумон надоштам, ки ба ин зудӣ ва ба ин осонӣ талабаи дорулмуаллимин мешавам. Зеро ки дар «Учунчи Тӯрон» ҳанӯз дар синфи дуюм мехондам. Аммо хату саводам буд, ҳисобро медонистам ва китобхон шуда будам. Аҳрор Шерзода ҳамин хусусиятҳои маро дониста, маро ба рӯйхати курси тайёрӣ навишта монд. Он рӯзҳо дорулмуаллимин ду курси тайёрӣ ва як курси асосӣ дошт. Ман ки дар натиҷаи тасодуфи ғайриоддӣ талабаи дорулмуаллимин шуда будам, хурраму шод ба сӯи ҳавлӣ давидам.

Аммо дар ҳавлии мо ғаму ғусса ҳукмронӣ мекард. Милиса гирифта бурдани маро ҷӯраҳоям ба ҳавлӣ хабар додаанд. Падарам аз кор баргашта омада ин хабарро мешунаваду зуд ба ҳавлии Мукаммилмахсум (ки раиси Кумитаи иҷроияи марказӣ буд) меравад. Ҳавлии Мукаммилмахсум аз ҳавлии мо чандон дур набуд. Мо дар баландӣ, дар гузари қозихона, Мукаммилмахсум дар поён, дар гузари Ҳаммоми Кафишолак буд. Вақто ки ман ба ҳавлӣ расидам

пешина
аз 339
навбатӣ