Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
ки вай бо ҳикояҳо, тамсилҳо, шӯхиҳо ва мисолҳои аҷоиб оварда дарс медод. Дар вақти дарс додани вай занг шуда монад, ҳатто бачаҳо норозӣ мешуданд, ки занг шуду сӯҳбат нотамом монд.
Як рӯз кадом дарс буд, ки як талабаи синфи асосӣ омада маро пурсид, гуфт ки муаллими ҷуғрофия талаб дорад. Ман бо вай ба синфи асосӣ якум рафтам.
Мазҳармахсум маро дида, гуфт:
– Биё писарам, ана харита, ана глобус. Аввал Бухороро нишон деҳ ва баъд саёҳати даври олам кун!
Ман аз харита шаҳри Бухороро нишон дода, бо роҳи поезд то ба канори баҳри Хазар (шаҳри Красноводск), аз он ҷо бо пароход то ба Боку, аз Боку бо поезд то ба Одесса ва аз Одесса бо пароход ба воситаи Дарданелл ва баҳри Миёназамин ва канали Сувайш ва баҳри Сурх ба уқёнуси Ҳинд даромада, Амрикоро саёҳат карда, ба воситаи уқёнуси Атлантик ба Ленинград омада, бо поезд ба Бухоро расидам.
Талабаҳои синфи асосӣ якум ҳайрон монданд. Мазҳармахсум сари маро сила карда гуфт:
– Ана, дидед, ин бача ба шумо додари хурдӣ ва ҳатто ба баъзеҳо писар мешавад, аммо донишаш аз ҳамаи шумо зиёдтар аст. Айб нест, ки мисли ҳамин талабаи синфи тайёрӣ харитаро намедонед!
Харитаро мисли ман надонистани онҳо, аввало аз танбалӣ ва кундфаҳмияшон бошад, сониян аз нахондан, аз нахондани адабиёти бадеӣ буд. Охир ман пеш аз он ки аз харита саёҳати даври олам кунам, романи Жюл Верн «Саёҳат бар давродаври курраи замин дар ҳаштод рӯз»-ро хонда будам. Ин китобро Маҳмуди Тарзии афғон ба забони дарӣ (форсӣ) тарҷумаи олиҷаноб карда, дар Кобул чоп карда буд, ки ман онро аз китобхонаи ба номи Абӯалӣ ибни Синои Бухоро гирифта хонда будам ва завқу завқи дониш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё