Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
ихтиёри маорифи шаҳри Термиз роҳӣ карданд. Рӯзи дигар ба поезд нишаста ба сӯи Бухоро раҳсупор гардидам. Дар купии вагон ҷои ман дар кати поёнӣ буд. Дар рӯбарӯям як марди самарқандӣ менишаст. Дар сӯҳбат донистам, ки вай дар Термиз кор мекардааст, магазинчӣ будааст. Вай гуфт, ки дар Термиз маро ёфта мегирад. Бо ҳамин хайрухуш кардем, ман ба Когон аз поезд фуромадам.
Дар Бухоро ба ҳаётам воқеаи аҷибе, воқеаи ғайримунтазира рух дод: Рӯзе аммапошшо якчанд хешу таборони худро ба маслаҳат ҷеғ заданд. Ман ҳам чун ҷияни хондагӣ ва донишманди он кас ба ин маслаҳат ҳамроҳ будам. Маслаҳат ҳамин буд, ки ба Саодат, ба духтари эркаи он кас як ҷавони самарқандӣ талабгор шуда кас мондааст. Ин ҷавон додари Мансурхоҷа ном раиси суди округии шаҳри Бухоро буд, ки дар ҳавлии беруни аммапошшо иҷора нишаста буд. Додараш дар Самарқанд муаллим будааст ва тобистон ба Бухоро омада, чашмаш ба Саодат афтода «ошиқ» шудааст. Мансурхоҷаев молу чизи бисёре ваъда дода хостгор фиристодааст... Акнун аммапошшо чӣ кор карданашонро надониста бо хешон маслаҳат мекарданд. Духтари азизашонро дода, ба Самарқанд фиристананд чӣ шавад; надиҳанду монанд чӣ шавад! Духтар қадрас шудааст; фаранҷӣ гирифтан ки манъ аст, мабодо дар кӯчаю хиёбоне ба сӯиқасде во нахӯрад; ё фиреби касеро хӯрда, бадбахт нашавад... Беҳтар нестӣ, ки дар сари вақт ба дасти соҳибаш супоранд?
Дар маҷлиси машварат, ҳар кас ҳар хел фикр ронд, лекин аксарият ба додани духтар розӣ шуданд. Фақат ман, ки дар поёни хона нишаста ба сӯҳбат гӯш медодам. Якбора оташи рашк ва ҳимматам ҷӯш зад; ба худ гуфтам, ки ҳанӯз зан нагирифтаам ва монам, ки ҳамин тавр духтари барноро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё