Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
як марди самарқандӣ гирифта барад! Бинобар он сухан гирифта гуфтам:
-
Аммапошкои азиз! Агар ман ба шумо як домоди мувофиқи табъ ва дилхоҳатонро ёфта диҳам, чӣ мегӯед?
-
Кошки.. - гуфтанду сухани маро рӯякӣ пиндоштанд ва маҷлисро хатм карданд.
Вале ман ба хона рафта оя ва холаамро ҷег задаму гуфтам, ки лаълию дастурхон бардошта ба ҳавлии аммапошшо раванд ва барои ман Саодатхонро хостгорӣ кунанд. Рӯзи дигар, вақто ки оя ва холаам рафта хостгорӣ мекунанд, аммапошшо бовар карда наметавонанд. Зеро ки маро студент, ҷавони толибилм медонистанд ва ба зан гирифтанам ҳеҷ гумон надоштанд. Лекин оя ва холаам, ки таъкид мекунанд, бовар карда розӣ мешаванд, ҷияни худам, ҷону ҷигари худам толиб бошад, барои чӣ ман духтари аллону азизамро ба бегона диҳам! Сад бор розӣ ҳастам, ки Ҷалолхонро домод кунам!
Хоҳарам Масрурахон, ки дар дасти писари аммапошшо - Иноятхон буд ва аз бахти шуми худ норизо буд, шавҳарашро, ки бадмаст ва бадахлоқ буд, дӯст намедошт, ин хабарро шунида, ба наздам омад ва гириста гуфт, ки ин корро накунам, ба Саодатхон хонадор нашавам. Зеро ки агар бо шавҳарам носозӣ рӯй диҳад, ҷои мерафтагии ман назди ту, хонаи ту мешавад. Агар хоҳари шавҳари маро ба зан гирӣ, пас ман ба куҷо меравам?!
Азбаски азми ман ҷазм буд ва дигар намехостам, ки «сагира» шуда гардам ва аз Саодат беҳтар заншаванда муяссар шуданаш маълум набуд, ба хоҳарам тасаллӣ додам, гуфтам ки ғарибӣ ба ҷонам расид, ба хонадони аммапошшо хонадомод шуда дароям, ҳам барои шумо, ҳам барои худам хуб аст. Вақто ки ман ҳамеша дар назди шумо ҳастам, шавҳаратон ҷасорат намекунад, ки ба шумо тааддӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё