Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
кунад ва ғайра ва ҳоказо... Мухтасар хоҳарамро осуда карда фиристодам.
Пас, ноншиканоне кардему тӯйро дар вақти таътили зимистона мавқуф гузорида, ба сӯи Термиз раҳсупор гаштам. Дар истгоҳи Термиз аз поезд фуромадаму донистам, ки Термиз иборат аз ду шаҳр будааст. Аввалаш қалъаи хиштин, ки ба даруни он ҳарбиҳо ҷо гирифтаанд. Автобус аз даруни он шаҳр гузашта ба Паттакесар – яъне шаҳри аҳолинишини Термиз мерасидааст. Дар Паттакесар бозорҳо, чойхонаҳо, дӯконҳо ва маҳаллаҳо дар канори дарёи Омӯ ҷо гирифта будааст. Ман бегоҳрӯзӣ ба ин шаҳр расида, аз автобус пиёда шудам. Дар дастам як чамадонча ва кӯрпаю болишт лӯнда карда печонидашудагӣ буд. Чизҳоро бардошта ба чойхонаи калоне, ки дар назди дарвозаи як сарой воқеъ буд, даромадам. Ба болои суфакат нишаста, як чой пурсидам ва ба гирду атрофу одамони дар он ҷо буда чашм давондам. Ягон симои ошно, ягон манзараи ба чашм омӯхта набуд. Аз кӯча ӯзбекҳо, тоҷикҳо ва якто-дуто русбашара касон гузашта мерафтанд. Ҳаво на гарм, на хунук, мӯътадил буд. Офтоб ба сӯи ғарб менишаст, дар он ҳаволӣ пои мардум қатъ мешуд. Дар рӯбарӯи ин чойхона, аз роҳ он тараф бозорҷое воқеъ гашта буд, вале дар он бегоҳӣ пештахтаҳои бозор холӣ ва фурӯшандаю харидорон ба назар наменамуданд. Ман, барои чӣ буд, ки худро тамоман ғариб ва мусофири бекас ҳис кардам. Як пиёла чой ба зӯр аз гулӯям гузашт. Зиқ шудам, хоринам омад, зеро ки то ба он дам ҳеҷ гоҳ танҳо худ ба ҷое нарафта, ба ягон шаҳри бегона меҳмон нашуда будам...
Ҳамин тавр бо димоғи сӯхта ва хаёли парешон нишаста будам, ки ҷавоне ба канори суфакат наздик омада ба ман салом дод ва гуфт, ки шуморо Абдулаҳадакем таклиф доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё