Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Абдулаҳадака кӣ бошад? Чаро маро таклиф мекарда бошад? Ба ман чӣ кор дошта бошад, намедонистам. Лекин ҷавонӣ ва камтаҷрибагиро бинед, ки ин суолҳоро напурсидам, шарм кардам, ё ақлам нагирифт, ё соддагӣ кардам ва аз рӯи он ҷавонии гузашта натавониста, хуб гуфтаму аз ҷо бархостам ва чизҳоямро ба ҷойхоначӣ супорида, бо он ҷавон ба даруни сарой даромадем. Дар он ҷо як нардбони баланд гузошта шуда буд. Ҷавон ба нардбон баромадан гирифт ва маро ҳам таклиф кард, ки аз паси ӯ биёям. Бо ҳазор тарсу ваҳм ба нардбон часпида баромадан гирифтам. Охир як кас намегӯяд, ки дар ин шаҳри мусофират, ки як соат пеш омадай, чаро ба таклифи ҷавони бегона ба даруни сарой даромадӣ ва акнун аз нардбон боло шуда истодай?! Не, гӯё ба таклифи ҷавон розӣ нашавам айб мешавад, гӯё ман тарсончак мешавам ва боз намедонам ҷиҳо...

Ба боми баланди аввал баромадем. Аз он бом боз ба боми дигар, ба болои дарвозахонаи сарой баромадем. Дар он ҷо, дар шабғаҳи болохонае, ки дар он ҷо буд, дар кӯраи оҳанин деги оши палав меҷӯшид ва расидани моро дида аз даруни болохона марде ба истиқбол баромад. Диққат карда бинам, ҳамон марди самарқандие, ки дар вагон то ба Когон бо вай ҳамроҳ омада будем, ҳамон аст.

– Э, шумо-мӣ? – гуфтам, озодона нафас гирифта. – Ман ҳайрон будам, ки дар ин шаҳри мусофирӣ боз кӣ будааст, ки маро мешинохтааст!

– Ҳа, ман, мулло, – гуфт он мард бо табассум. – Гуфта будам-ку, ба Термиз биёед, шуморо ёфта мегирам.

Пас ба хона даромадем. Дар он ҷо боз ҷавоне буд. Вохӯрд кардему ба сари дастурхон нишаста, чой нӯшидем, баъд ош хӯрдем ва то як поси шаб сӯҳбат карда нишастем. Соҳиби хона таклиф кард, ки шабро дар манзили

пешина
аз 339
навбатӣ