Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
ӯ гузаронам, қабул накардам, узр хоста поён фуромадаму дар чойхона ба кӯрпаю болишти худ такя карда хобидам. Замонаҳо тинчу осуда будааст; касе ба чизи ман, ба чамадони ман даст нарасонид. Пагоҳӣ барвақт бархоста нону чой хӯрдаму идораи маорифро суроғ карда рафтам.
Мудири маориф маро хуш қабул кард ва ба дастам фармони хаттӣ дода, ба мактаби даҳсолаи ӯзбекӣ, ки дар он қарибӣ буд, фиристод. Мактаб ҳанӯз кушода нашуда буд. Мудири мактаб хоҳам-нахоҳам маро қабул карду гуфт, ки ба синфҳои шашу ҳафт дарси адабиёт бояд диҳам, ҳоло то кушода шудани мактаб даҳ рӯз ҳаст, бояд ҳар рӯз омада, хабар гирифта равам. Ман хонаю ҷои истиқомат пурсидам. Гуфт ки хона надоранд; аз окрутком ва маориф пурсидан лозим. Мудири маориф гуфт, ки ҳоло дар чойхона истиқомат кардан гиред, пас аз як-ду моҳ хона ёфта доданамон мумкин мешавад. Ҳамаи ин ба ман таъсири манфӣ мерасонид, ғусса мехӯрдам ва худро таъна медодам, ки чаро ба ин ҷо омадам, чаро аз Маннон Ромиз (комиссари маориф) хоҳиш накардам, ки маро ба Бухоро фиристонад! Ва ғайра ва ҳоказо...
Пас аз се рӯз аҳволам бад шуд, ба касалии дилзанӣ дучор шудам. Духтурхонаро суроғ карда рафтам, худамро ба духтур нишон додам ва кӣ будану аз куҷо омадани худро гуфтам, илтиҷо карда хоҳиш намудам, ки ба ман справка диҳад, ки дар Термиз истодани ман ба саломатиам мувофиқ не ва ман бояд зуд аз ин ҷо равам. Худо ба духтур инсоф дод, аз гуфтаи ман ҳам воҳиманоктар карда справка навишта дод. Онро гирифта ба маориф рафтам. Мудири маориф маро ҳамроҳ гирифта ба назди котиби окрутком даромад. Котиб аҳволамро дида розӣ шуд, ки маро баргашта ба ихтиёри комиссари маориф фиристанд ва роҳқиро ҳам диҳанд. Мудири маориф фармон навишт ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё