Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ба дасти ман хат навишта дод, ки бинобар он ки ҳавои Термиз ба саломатии ман мувофиқ наомад, маро баргашта ба ихтиёри маорифи марказӣ мефиристад, аз бухгалтер роҳқиро ҳам гирифта дод. Ман сад бор розӣ будам, ки як тин пул надиҳаду ҷавоб дода фиристонад.

Ҳамин ки хату пулро гирифтам, рост ба вокзал баромадам. Аз толеам поезди ба Бухоро мерафтагӣ тайёр истода будааст. Билет гирифта ба вагон баромадаму то ба роҳ даромадани поезд дилам мезад ва дар тарсу ҳаяҷон будам, ки мабодо мудири маориф аз қавлаш гардаду маро баргашта ба Термиз дарорад. Не, ҳеҷ гап нашуд, поезд ба сӯи бахту саодати ман ба роҳ даромад ва дилам қарор гирифт.

Дар Бухорои шариф (он дам Бухоро ба ман аз ҳар чӣ шарифтар ва азизтар менамуд), кӯчаҳо, ҳавлиҳо ба назарам кӯча ва кӯшкҳои ҷаннат барин менамуданд. Бале, ҷавон будам, танҳоӣ, мусофират ва сахтиро надида будам. Дар дорулмуаллимини Бухоро бачаҳои бадкирдор ва бадангор - талабаҳои бадтол ва нобоб ба ман таарруз кунанд ҳам, дар баъзе маҷлисҳо маро «чун писари қозӣ» сарзаниш кунанд ҳам (азбаски ман аълохон будам, азбаски ман ба муаллимҳо маъқул будам, шариқҳо ҳасад мебурданд ва қасдашонро аз «падари ман» мегирифтанд), лекин ба ҳар ҳол Бухоро буд, шариқҳо, муаллимҳои қадрдон ва ниҳоят хешу таборон буданд. Дар Термиз бошад, ман гӯё танҳо будам, мусофир будам, ғариб будам...

Не, хайрият шуд, боз гашта ба Бухоро омадам, шариқҳо маро бо хурсандӣ пешвоз гирифтанд, ба маорифи округӣ бурданд, ки дар он ҷо Сулаймон Алиев ном рафиқ, ки дар дорулмуаллимин аз ман як синф боло буд, мудир шуда будааст. Сулаймон Алӣ маро ба мактаби миёна (ҳафтсола), ки дар гузари Собунгарон буд (як вақтҳо дорулмуаллимин дар ҳамон бино буд), муаллим таъин кард.

пешина
аз 339
навбатӣ