Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Гуфтам, ки бинобар хате, ки аз маорифи Термиз гирифтам, бояд ба Самарқанд, ба маорифи марказӣ равам? Сулаймон Алӣ гуфт, ки хатро ба ман диҳед, ҳоҷати маорифи марказӣ нест! Ман хурсанд шудам ва рафта дар мактаби миёнаи гузари Собунгарон синфи якумро ба ӯҳда гирифтам.
Гумон доштам, ки синфи якум осонтар аст. Зеро ки пештар муаллимӣ накарда будам, кори таълиму тарбияро дуруст намедонистам. Хусусан ки он вақтҳо дар кори таълим ҳар рӯз як методи нав, як қоидаи нав мебаромад. Ба ман ҳам дастур ва қоидаҳои «долтун план»-ро дода гуфтанд, ки ҳамаи дарсҳоро бо ҳамин қоида, танҳо худатон таълим медиҳед. Қоида ҳамин буд, ки ҳар рӯз як мавзӯъро мегирифтем. Масалан мавзӯи пилла. Ба дарси забон дар бораи пилла, ба дарси ҳисоб ҳам, ба дарси суруд ҳам ҳама дар бораи пилла бояд гап шавад. Ман дарси пилларо гузашта, талабаҳоро ба заводи пиллакашӣ ва абрешим гирифта бурдам. Бачаҳо дар бораи пилла маълумоти пурра гирифтанд. Рӯзи дигар мавзӯи масалан нон буд. Ҳамаи дарсҳо дар бораи нон гузашт ва дар охир ба ягон нонвойхона рафта пухта шудани нонро, ё ки ба ягон осиёб ва ё заводи орд рафта, просеси ба майдон омадани ордро аз гандум, дидан лозим буд ва ҳоказо...
Моҳонаи ман ҳаштоду ҳашт сӯм буд. Ба нарху навои онвақта, ин моҳонаи хуб ба шумор мерафт. Ман аз ҳар моҳена миқдори калонеро саришта карда, барои тӯй нигоҳ медоштам. Ба ман гуфтанд, ки ба арӯс як полту, як сарбанди абрешимин, ду-се курта, як ботинкаи хуб ва ғайра харидан лозим. Барои харидани ин чизҳо ва хароҷоти тӯй, пули ҷамъкардаистодаи ман намерасид. Маҷбур шудам, ки аз Нақшбандхон яксаду панҷоҳ сӯм қарз гирам. Нақшбандхон яке аз шайхзодагони хоҷаҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё