Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Шояхшӣ буда, одами донишманд, адабиётдӯст, мунавварфикр ва баобрӯ буд. Ман ва Баҳоутдин Икромӣ гоҳо ба ҳавлии Нақшбандхон рафта зиёфат мехӯрдем ва сӯҳбатҳои ширин мекардем. Нақшбандхон китоб ва газетаҳои мехондагӣ доштанд. Инак, бо маслиҳати Баҳоутдин аз Нақшбандхон пул қарз гирифтам. Он кас, гӯё расмӣ кунонида ба ман як векселро доданд, ки имзо кунам. Ба пули қарз аз Когон рафта ба Саодат як полтуи гиребонаш пашмини моҳути сиёҳ, як сарбанди абрешимини «тушберагӣ», як ботинкаи соқноки тугмачадор ва ду-се куртаи русидӯхт харида овардам. Ин чизҳо албатта писанди аммапошшо намешуд, лекин барои иззати арӯс лозим будааст.
Дар вақти таътили зимистона — охири декабр, ё аввали моҳи январи соли 1929 — тӯй кардем. Як бегоҳ дар ҳавлии аммапошшо якчанд хешу таборон ҷамъ шуданд. Ман ҷӯраҳои худамро хабар кардам. Раҳмати Зуҳурхон, ки дар мактаби мусиқии миллӣ мехонд, бо хоҳиши ман устодонаш домулло Ҳалим Ибодов, ака Муллои Тоҳирҷони дуторӣ, Қаровулбегии торзан ва боз намедонам киҳоро хабар карда овард. Ҳамон дам дар гузари мо, балки дар тамоми Бухоро аввалин тӯйи «сурхҳо»-ро мо барпо кардем. На чимилиқ буд, на саломномахонӣ, на созанда ва ақди никоҳ! Марду зан дар хонаи калон ҷамъ шуданд, зиёфат хӯрданд, арӯсро ба паҳлӯи ман оварда шинонданд ва баъд мусиқӣ, суруд ва ҳатто рақс сар шуд...
Як детали майдаро ҳеҷ фаромӯш намекунам: Вақто ки рақс сар шуд, ҷӯраҳо маро ҳам ба рақс кашиданӣ шуданд, Саодат — арӯс, ки ҳамин ҳоло ба ман қариб шуда буд, аз паҳлӯям кашида, рақс накунед, рақс накунед! гуфт. Ин, ба ман алам кард (як-ду пиёла май нӯшида будам), ҳа, ҳоло ҳамин тавр-мӣ, гӯён аз ҷо бархостам ва донам-надонам рақс карда нишастам... Хулоса тӯйи «сурх» нағз шуд. Ҳама

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё