Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

хурсанду шод буданд, магар ки аммапошшо ва кампирҳои дигар, ки дар хонаи шафат менишастанд ва ба ҷои хурсанӣ мегиристанд, ки духтари аллону азизашон бечимилик ва бе расму ойини қадима тӯй шуда истодааст.

Ман хонадомод шуда ба ҳавлии аммапошшо даромадам. Дар хонаи калон хоҳарам бо шавҳараш ва фарзанди аввалинаш – Ибод, ману Саодат дар хонаи «рӯй ба қибла» (хонаи ҳафтболор, ки начандон калон буд), худи аммапошшо дар хонаи «баланд», она лағлақагӣ (кампире, ки Саодатро калон карда ва қадрдони ин хонадон буд) ва Муродгул ном духтархона дар хонаи «поён» истиқомат мекардем. Ман «домодхоҷаи эрка ва азиз» будам. Як ҷиҳати калони рӯзгори ҳавлиро ба уҳда гирифта будам. Ҳар моҳ аз пули маош орд, биринҷ ва равған мехаридам, дар ҳар се рӯз гӯшт меовардам. Ба ширу қаймоку майдахароҷот аммапошшо пул медоданд. Язнаам, ки дар кадом район, намедонам чӣ кор мекард, ба хонадон ҳеҷ манфиат намерасонид, як тин пул намеовард, балки гоҳо омада, қасос карда, аз аммапошшо пул мегирифт, ё ки ягон чизашонро рабуда, бурда мефурӯхт ва баромада мерафт. Кораш аспсуворӣ, арақхӯрӣ ва бемазагӣ буд. Ман, ки ба хонадонашон омада даромада будам, аз ман каме мекибид ва дар ҳавлӣ бедодгарӣ карда наметавонист, бинобар он ҳафта-ҳафта нест шуда мерафт. Хоҳари бечораам номи шавҳардориро дошта бошад ҳам, бешавҳар ва бепарастор буд.

Дар мамлакат сиёсати оқилонаи НЭП (сиёсати нави иқтисодӣ), ки Ленини бузург ба муддати дуру дароз барқарор карда буд, дар замони диктатураи мутлақаи Сталин ба охир расида истода буд. Он фаровонӣ ва серию

пешина
аз 339
навбатӣ