Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

АдабиётТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

пурие ки буд, барҳам мехӯрд. Дар бозор, дар натиҷаи андозҳои калон ва фишори сахти иқтисодӣ деҳқон ҳосил намеовард, орду гандуму равғану биринҷу гӯшт камёб ва қимат шуда монд. Шаҳри Бухоро файз ва равнақи худро гум мекард. Мардум чизу чораи худро ба бозор бароварда мефурӯхтанд. Бозори ауксион (кто болше), ки онро дар Бухоро «хитой болшуй» мегуфтанд, равнақе дошт. Чиниворӣ, мису мисинаҳои аҷоиб, либосҳо ва либосвориҳо, соатҳои маҷлисӣ ва девории қадима ва ғайра ва ҳоказо ҳама ба «хитой болшой» мерафт. Аз берун, аз дигар ҷоҳо омадагиҳо ин чизҳоро арзону гарон харида мебурданд. Дар Бухоро зиндагӣ кардани мардум душвор шуда монд. Як хел одамони ба андеша ва батадбир, дар сари вақт молу ҷонашонро гирифта, ҳавлию ҳавличаю ҷояшонро партофта, аз Бухоро ба дигар шаҳрҳо, аз Самарқанду Тошканду Фарғона сар карда, то ба Душанбею Кӯлобу Ғарм мерафтанд. Ҳавлию ҷои бекас мондаи онҳоро комитетҳои гузарҳо, ки бештарини онҳо иборат аз фитнагарон, молимардумхӯрон ва даҳонкалонон буданд, вайрон мекарданд, чӯбу ҷахс, дару тирезаҳои он ҳавлиҳоро фурӯхта пулашро мехӯрданд. Дар натиҷаи ҳамин ғоратгарӣ ҳавлиҳои олиҷаноб, хона ва меҳмонхонаҳои бо ишқу муҳаббат сохташуда, дару деворҳои нақшин ва кошкорӣ ҳама зери хок шуданд. Оҳиста-оҳиста дар тарафҳои Регистон, канорҳои шаҳр гузар-гузар нобуд мешуд, агар аз боло нигоҳ кунед, он ҷоҳо ба зери бомбаборон мондагӣ барин менамуданд. Бале, Бухоро хароб мешуд. Мо Бухорои қадима ва овозадорро бо дасти худамон зада нест мекардем, хароб мекардем... Ҳатто ба мадрасаҳо ва масҷидҳои қадима ва таърихӣ аҳамият надода вайрон мекардем. Як қисми он обидаҳои ноёбро зада пора-пора мекарданд, қисми дигарашро анбор, саисхона, мошинахона,

пешина
аз 339
навбатӣ