Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ошхона мекарданд. Масҷиди калон анбори кадом идораи хоҷагӣ гашта, даруни он бо аробаҳо ва автомобилҳо мол оварда, мол мебурданд. Дар қарибии собиқ дарвозаи Намозгоҳ, ҳавлии калон ва хонаҳои пурнақшунигори як бои калонро ба комитети радиошунавонӣ дода буданд, ки дар меҳмонхонаи калони нақшунигорини он аппаратураи радиоро шинонда, аз болои он нақшунигорҳои олиҷаноб бо оҳак сафед карда буданд. Мадрасаи «Ғозиён»-ро ҳабсхона карданд, мадрасаи Калободро зада вайрон карданд, ки хишташро истифода баранд, лекин ягон хишти бутун гирифта натавонистанд, мадрасаи «Турсунҷон»-ро ба русҳою тоторҳои омадагӣ ва дигар одамони аз ҷоҳои дигар омадагӣ барои истиқомат доданд. Онҳо дар байни як-ду сол ҳуҷраҳои онро расво карда, дару бидингҳояшро шикаста нобуд карданд...

Дар чунин шароит зиндагӣ дар Бухоро мушкил шуда монд. Соли аввали корам муаллими синфи якум будам. Моҳёна ҳаштоду ҳашт сӯм бошад ҳам, мерасид. Лекин дар соли дувум моҳёнаи мегирифтагиам нарасида монд. Дар шаҳр қиматӣ сар шуда буд. Соли дувуми корам, яъне соли 1929 ман дар курси дусолаи муаллимтайёркунӣ, ки дар гузари Дегрезӣ, дар ҳавлии собиқи падарам кушода шуда буд, муаллим шудам. Дар он курс, муаллими собиқи худам Восем (Восеъ) Султонов мудири илмӣ буд. Баҳоутдин Икромӣ ҳам муаллим буд. Ман дарси забони узбекӣ ва дарси табииёт медодам. Дар ин курс бисёртар кор карда, бисёртар маош мегирифтагӣ шудам.

Дар ин байн эҷодиёт ва фаъолияти адабии ман сар шуда рафт. Азбаски бисёр мехондам ва дилам бо шавку ҳаваси нависандагӣ пур шуда буд, пас аз дар журнали «Роҳбари дониш» чоп шудани ҳикояҳои аввалинам («Шабе дар Регистони Бухоро» ва «Ширин») қаламро напартофтам.

пешина
аз 339
навбатӣ