Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

АдабиётТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Дар Бухоро ҳикояҳои «Оё чӣ бояд кард» ва «Дорурроҳи мусулмонон»-ро, баъд «Раҳматулло Эшон»-ро навишта ба «Роҳбари дониш» фиристодам, чоп шуданд. Аз ин муваффақиятҳо рӯҳ гирифта, повести «Тирмор»-ро сар кардам ва дар муддати солҳои 1929 ва 1930 ба навиштани он саъй кардам ва ниҳоят ба охир расонидам.

Соли 1930, соли пурташвиш ва ҳиҷрати умумии мардуми Бухоро оғоз ёфт. Намедонам чӣ хосият буд, ки мардуми Бухоро ҳамдигарро дида наметавонистагӣ шуданд. Аз болои якдигар ба НКВД – ба ГПУ ва дигар идораҳо хабаркашӣ, бӯҳтон ва тӯҳмат карда аризаҳо менавиштанд. Одамони бадкор ва бадхоҳи мардум дар комитетҳои гузарҳо ҷо гирифта буданд, ба мардум зиндагӣ намедоданд. Ҳар рӯз дарвозаҳоро тақ-тақ зада омада хати сиёҳи андоз ва налогҳои бедарак ва ноҳаққонаро дода таъкид мекарданд, ки пулро зудтар бурда диҳанд, ки набушад омада хонаро «печат» (мӯҳр) намуда, молу ашёро хитой болшой карда мефурӯшанд. Дар мактабу идораҳо ба муаллим ва хизматчиён заёмҳои бисёре бароварда, моҳёнаи бе он ҳам андакро ниму нисфӣ мекарданд ва чунон шароити дамзику бад ба амал омада буд, ки кас мехост, ҳарчӣ зудтар сарашро гирифта ба ягон ҷои дигар равад. Ана дар натиҷаи ҳамин ману Баҳоутдин дар курси дусола истода, кор карда натавонистем, ба Тошканд, ба меҳмонӣ ва талаби кор рафтем.

Он вақтҳо дар Тошканд дорулмуаллимини Тоҷикистон буд. Бектош, Аббос Алиев, Самеъзода, Айюб Саидӣ баринҳо дарс медоданд. Директор Комилии Самарқандӣ буд, ки яке аз пешравон ва зиёиёни мӯътабари ҳамонвақтаи Тоҷикистон ба шумор мерафт. Вай баъдтар ба Душанбе омада одами калон шуд, агар фаромӯш накарда бошам, раиси Госплан шуд.

пешина
аз 339
навбатӣ