Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Ману Баҳоутдин Икромӣ дар хонаи Бектош меҳмон будем. Як шаб ба рӯи кати калонаш ҳамроҳ хобидем. Он кат он қадар тахтакана доштааст, ки Баҳоутдинро газида, хунашро макида, абгор карданд. Лекин чӣ хосият, ки маро намегазианд, хунам ба онҳо маъқул набуд, лекин ба рӯи пӯсти бадан ғибир-ғибир роҳ гашта, ғиҷини касро меоварданд. Бинобар он, ҳамон шаб ҳар дуямон ҳам қариб хоб накардем. Рӯзи дигар ман ба ҳавлии амакам - Аминҷонмахсум, ё ки ба ҳавлии хоҳарам - Матлубаҷон (дуруст дар хотирам намондааст) рафтам. Баҳоутдин намедонам ба куҷо рафт. Қисса кӯтоҳ, ки Бектош ва дигарон ба мо маслиҳат доданд, ки дар Тошканд, ба ҳамон дорулмааллимин монда, муаллим шавем. Директор фармон навишт, лекин ба оғози дарсҳо қариб ду моҳ вақт буд. Мо баргашта ба Бухоро рафтаний шуда истода будем, ки аз Душанбе як хабар омад. Дар моҳи август (соли 1930) дар пойтахти республика аввалин анҷумани забоншиносони тоҷик барпо мешудааст. Ба ин анҷуман аз тамоми шаҳрҳои Осиёи Миёна зиёиёни тоҷик даъват шудаанд. Роҳбарияти дорулмааллимини тоҷикии Тошканд мо ҳар дуро ҳам ба ин анҷуман вакил таъйин намуда, ба дастамон шаҳодатнома дод. Мо хурсанду шод ба Бухоро сафар кардем.

Дар Бухоро чанд рӯз истодем, пас ба роҳ баромадем. Аз Бухоро ҳам Хоҳомов ном муаллими яҳудӣ вакил шуда буд. Дар Когон ба мо Ҳасанов ҳамроҳ шуд, ки он вақтҳо дар Тоҷикистон, дар кадом як кори калон буд. Ба вагони «обшӣ», яъне бепласкард, ки се қабата буда, тирезаҳои майда дошт, баромада, бо хурсандию шодкомӣ, сӯҳбаткунон, шӯхикунон, дар муддати ду рӯз ба Душанбе расидем. Як сол шуда буд, ки аз Термиз ба Душанбе хатти роҳи оҳан кашида буданд. Вокзал ҳанӯз бинои дуруст надошт.

пешина
аз 339
навбатӣ