Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Аз назди вокзал бинои кумитаи марказии иҷроия, ки якумин иморати нав ва калон ба шумор мерафт, менамуд. (Ин бино ҳоло аз миён бардошта шуда, ба ҷои он бинои нави сеқабатаи вазорати дохилии ҷумҳурӣ сохта шудааст). Дар миёни шаҳру вокзал дигар иморати қазоие набуд. Моро ҳеҷ кас пешвоз нагирифт. Мо худамон фойтун киро карда, ба назорати маориф рафтем. (Дар кӯчаи ба номи Горкий иморатҳои якқабатай навсохт буданд, ки дар онҳо назорати маориф ва идораи рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» ҷо гирифта буданд). Нозири маориф Нисор Муҳаммадов моро хуш қабул кард ва бо фойтун ба бинои техникуми педагогӣ фиристод, ки барои мо дар он ҷо ҷои истиқоматӣ тайёр карда буданд. (Он вақтҳо дар Душанбе меҳмонхона набуд). Бинои техникум дар қатори бинои ҳозираи вазорати дохилӣ ҷо гирифта буд, низ аз вокзал менамуд. Бинои хонаи матбуот, вазорати алоқа ҳанӯз қомат набардошта буданд, устоҳо пойдевори ин биноҳоро мегузоштанд. Ягона кӯчаи калони шаҳр – кӯчаи Ленин буд, ки аз вокзал сар шуда (на ба мисли ҳозира – дуроҳа, балки як роҳи сангфарш) то ба майдони охирини шаҳр, ки дар назди бинои ҳозираи Кумитаи марказӣ воқеъ гашта буд, мерасиду боз андаки дигар, то ба қарибии бинои ҳозираи театри Лоҳутӣ калош меёфт, ки дар ду тарафи он чойхонаҳо, ошхонаҳои қашқариҳо ва дигар дӯконҳо қатор шуда буданд. Ободтарин ҷои шаҳр ҳамин ҷо буд. Кӯчаи Путовский тангу борик ба сӯи дарёи Душанбе мерафт, ки дар ду тарафи он кулбаҳои ҳақиронаи қишлоқи собиқи Душанбе буданд. Дар канори дарё ҳар ҳафта як бор, дар рӯзи душанбе бозори калон ҷамъ мегашт.
Аз биноҳои калони кӯчаи Ленин, бинои театри ҳозираи Маяковский буд, ки он вақтҳо онро «Хонаи деҳқон» меномиданд. Инчунин бинои бонки давлатӣ, ки ҳоло ба ҷои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё