Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
бинои сеқабатаи истиқоматӣ (дар қатори бинои магазини «Универмаги марказӣ») воқеъ гардидааст, буд. Бонки давлатӣ якқабата буда, рӯи ҳавлии васеъ дошт ва дар он ҷо, дар зери айвони васеъ ошхонае буд, ки меҳмонҳои ба анҷумани забоншиносӣ омадаро хӯрок медоданд...
Рӯзи аввали омаданамон истироҳат кардем, бо дигар вакилон шинос шудем, андак пиёда роҳ гашта шаҳрро тамошо кардем. Рӯзи дигар, аввали пагоҳ маҷлиси анҷумани забоншиносӣ — аввалин анҷумани зиёиёни тоҷик, аввалин анҷумане, ки дар он аз Тошканду Самарқанду Бухоро ва дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна вакилон, олимон, забоншиносон, нависандагон, шоирон ва муаллимон ҷамъ омада буданд, сар шуд.
Дар қатори вакилони анҷуман устод Айнӣ, устод Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим, Сарвар, Обид Исматӣ, Бектош, Зеҳнӣ, Улуғзода, Баҳоутдин Икромӣ (писари муфтӣ Икромҷаҳи мударрис), Ҷабборӣ (мудири шӯъбаи нашриёти тоҷикии Самарқанд), Мисбоҳ Бурҳонов (муҳаррири газетаи «Тоҷикистони Сурх»), С.Ализода (муҳаррири газетаи «Комсомоли Тоҷикистон»), Носир Муҳаммадов, Комилӣ, Азизӣ, Баҳром Сирус, Шоҳ Темуров (котиби СМК), профессор Андреев, профессор Семёнов, Ҳилол Каримов, Муродзода (муаллим аз Самарқанд), Хоҳомов (муаллим), Климчитский (олими забоншинос), Болошова, Фаина Бравда, Раҳим Ҳошим, Дайламӣ ва дигарон буданд. Дар ман сурате ҳаст, ки дар он акси ҳамаи вакилони анҷуман гирифта шудааст.
Дар ин анҷуман ман аввалин бор бо устод Лоҳутӣ шиносо шудам. Пештар, дар он даме, ки бо маҷмӯаи шеърҳои устод — «Адабиёти Сурх» дар Бухоро шиносо шудам, шеърҳои классикии он касро хонда азёд мекардем, дар тасаввури ман устод як шахси фавқулодда,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё