Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

МаърифатАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

қоматбаланд, ҷуссакалон, баҳодур, пайғамбар барин менамуданд. Ҳоло бинам он кас як марди миёнақад, серҳаракат, бо чашмони бонуфуз, бо дасту пои начандон бузург, ширинзабон, ҳандон ва ҷозибсимоанд. Моро дида ба наздамон омаданд, аҳвол пурсиданд, аз куҷо буданамонро донистанду хурсандӣ изҳор намуданд. Бухоро маркази маданият ва пойтахти тоҷикон буд; Бухоро ба олам бузургдони бешумор додааст, ки устод Айнӣ исми як қисми онҳоро дар «Намунаи адабиёти тоҷик» зикр кардаанд. Шумо ҳама тоҷикони ҳақиқӣ ва меросгирандагони бузургон ҳастед! гуфтанд. Мо ин суханони устодро шунида ба худ болидем. Устод ба ҳама ёр, ба ҳама мададгор буданд. Хусусан ба занону духтарон серилтифот буданд; баҳонае намеёфтанд, ки хушомаде зада аз рӯи онҳо бӯсанд. Ҳаракат ва рафторашон мисли ҷавонони бистсола буд.

Дар ин анҷуман аз Туркистон як олими бузурги забоншиноси туркман ҳам омада буд. Дар хобгоҳ бо мо буд. Халқашро хеле дӯст медошт ва аз қаҳрамониҳои мардони туркман ба мо нақлҳо менамуд. Наметарсид, рӯйрост русҳоро истилогар меномид. Мо ҳарчанд ба фикри вай ҳамроҳӣ накардем ва исбот карданӣ шудем, ки лашкари сурх ба мо озодӣ овард, аммо вай ба гуфтаи худ истодагӣ мекард ва мисолҳои аҷиб меовард. Ин олимро ҳанӯз дар солҳои 1933 гирифта нест карданд, чи тавре ки ҳамон солҳо Бектош барин касонро аз Тоҷикистон гирифта буданд. Вале Бектош пас аз як сол озод шуд ва боз ба кори илмии худ давом дод.

Дар анҷуман якчанд масъала дида шуд. Масъалаи забони адабии тоҷик, масъалаи имло ва алифбо (лотинӣ) ва ғайра... Дар масъалаи забони адабии тоҷик кашмакаши зиёде шуд. Баъзеҳо мегуфтанд, ки дар асоси забони адабии тоҷик забони Бухоро ва ё Самарқанд гирифта шавад.

пешина
аз 339
навбатӣ