Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Баъзеҳо мегуфтанд, ки дар асоси забони адабии тоҷик-забони кӯҳистон гирифта шавад, зеро ки забони кӯҳистон тоза ва алғаш не. Ниҳоят ба ҳамин қарор омаданд, ки асоси забони адабии тоҷик забони миёнкол (байни Бухорою Самарқанд) аст. Ин забон ҳам дар Бухорою Самарқанд, ҳам дар кӯҳистон ва ҳам дар Хуҷанду Уротеппа фаҳмост. Лекин ҳаёт худаш нишон дод, ки забони адабии тоҷик бо мурури замон, бо саъю кӯшиши нависандагон, олимон, журналистон ва муаллимон — забони адабии шаҳри Душанбе, забони адабии маркази Тоҷикистон аст. Зеро дар Душанбе аз бисёр вилоят ва ноҳияҳои тоҷикнишини Осиёи Миёна одамон, соҳибони забон — нависанда, журналист, олим ва муаллимон гирд омада буданд. Устодони бузурги адабиёти шӯравии тоҷик — устод Айнӣ, устод Лоҳутӣ ба ташкили чунин забони адабӣ роҳбарӣ карданд.

Дар ин ҷо оид ба роҳбарияти ин бузургон ҳаминро қайд кардан мехоҳам, ки боре дар солҳои 1937-38 як қисм олимтарошон ва ҳатто Брагинский (дар СеКа кор мекард) ва дигар «роҳбарони» ҷаласавод даъво карда баромаданд, ки «забони адабиро ба халқ, ба забони гуфтугӯи халқ наздик кардан лозим аст. Модоме ки мардум пасояндаи «ро»-ро дар гуфтугӯ кор намефармоянд, китоба те, Бухороба меравам, диламба занед, хоная рӯбед ва ғайра мегӯянд, дар навишт ва забони адабӣ ҳам инро кор фармудан лозим, «ро» даркор нест...» Азбаски ин даъвогарон дар роҳбарият буданд, то як дараҷа гапашонро гузарониданд ва дар матбуоту нашриётҳо пасоянди «ро»-ро нест карданд. Газетаҳо, китобҳо бе «ро» чоп мешуданд, ба ҷои «ро» — «я», «ба» кор мефармудагӣ шуданд. Он вақтҳо дар нашриёти тоҷик, дар шӯъбаи адабиёти бадеӣ Ковалевская ном зани рус мудир буд, аз забони тоҷикӣ баҳра набурда буд. Вай ҳамаи корретураҳоро аз назар гузаронида, дар ҳар ҷо ки «ро»

пешина
аз 339
навбатӣ