Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

бошад кӯр карда, ба ҷояш «я» ё «ба» менавишт. Боре як корретураро аз назар гузаронидам, ки аз калимаи Бухоро ҳам, «ро»-ро гирифта партофта, «я» – «Бухоя» навиштааст... Дар ин ҳол устод Айнӣ ва устод Лоҳутӣ дар конфронси забон чун аждаҳо баромад карданд ва тарафдорони барҳам додани «ро»-ро зада, торумор намуданд ва боз гашта забони адабии тоҷик ба ҳадди эътидол даромад...

Бале забони миёнколро асоси забони адабии тоҷик карда гирифта буданд, вале дар ин байн забони миёнкол забони мардуми Бухоро ва Самарқанд, чунон вайрон шуда рафт, ки ҳатто ман ба Бухоро рафта бо мардум сӯҳбат кунам, баъзеҳо суханҳои маро дуруст намефаҳмиданд ва фаҳманд ҳам механдиданд, ки гӯё ман «мастчоҳӣ» шуда рафта бошам. (Дар ин хусус дар вақти навишта истодани ин сатрҳо дар истироҳатгоҳи «Зимчурӯд» бо Камол Айнӣ ва Салоҳ Солеҳов сӯҳбат кардам. Ба фикри ин дӯстон асоси забони адабии тоҷик таърихан ва амалан дар ҳақиқат забони мардуми Бухорост. Зеро забони мардуми Бухоро забони аслӣ ва қадимаи халқи тоҷик аст. Луғат ва калимоте, ки дар забони мардуми Бухорост, дар вақташ, дар замони Абӯалӣ ибни Сино ва аз он ҳам пештар дар адабиёти классикӣ кор фармуда мешудааст. Калимаҳое ба мисли «магас, тагал, санҷид» ва ғайра дар дигар лаҳҷаҳо ва ноҳияҳои Осиёи Миёна нест. Алҳақ асоси забони адабии тоҷик – забони мардуми Бухорост! Алҳол ки дар натиҷаи зӯран ӯзбекӣ карда шудани матбуот, мактаб ва маориф, дар Бухоро забони ҷавонҳо тағйир ёфтааст ва бисёр калимаҳои ӯзбекӣ ба миён даромадааст, ин ҳисоб не. Забони адабӣ гоҳо ба ҳамин қабил тағйиротҳо дучор шуда меистад. Мо асоси онро мегирем...)

Дар масъалаи имло ва алифбо ҳам кашмакаши зиёде шуд. Хусусан оид ба «ӯ»-и дароз ва «у»-и кӯтоҳ, дар бораи

пешина
аз 339
навбатӣ