Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

«о» ва «а» мубоҳиса калон шуд. Дар забони мардуми кӯҳистони тоҷик, дар гуфтугӯи мардуми Кӯлоб, Ғарм овози «ӯ» (кӯҳ, кӯр) нест, яъне ҳарфи вови мавҳуда нест, онҳо ин ҳарфро ба шакли вови дароз мехонанд. Мардуми Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд ва дигар шаҳрҳо «ӯ» (вови мавҳуда) доранд. Агар «кӯшиш»-ро бо ҳарфи «у» (чуноне ки дар кӯҳистон) хонед, «кушиш» (аз калимаи куштор) мешавад. Ё ки «кӯра» (оташдон)-ро бо ҳарфи «ӯ»-и дарози кӯҳистониён хонед «кура» (ба маънои чизи лӯнда, шар) мешавад. Дар масъалаи ҳарфи «о» гуфтам, ки онро ба ҷои «алиф», яъне «ойи кушод» ба мисли офтоб, оина ва ғайра қабул карда шавад. Баъзеҳо, хусусан рафиқони эронӣ онро ба ҷои «ӯ», яъне вови мавҳуда қабул кардани шуданд. Ниҳоят ба ҳамин қарор омаданд, ки дар тоҷикон ҳарфи «о» ҳарфи кушод аст ва он ба ҷои «алиф» қабул карда шавад.

Дар анҷуман Бектош, Климчитский, Мунзим, Лоҳутӣ, Айнӣ, профессор Семёнов, Андреев ва дигарон фаъолона баромадҳо карда, суханҳои нек гуфтанд. Дар охири анҷуман Сотим Улуғзода баромад карда, рӯйхати ҳабдаҳ нафар нависанда, олим ва муаллимонро хонда дод, ки онҳо изҳори ба Душанбе омада кор карданро кардаанд. Ба ин гурӯҳ номи «Бригадаи зарбдори адабӣ» доданд. Дар ин ҷо ман номи онҳоеро, ки дар ин «бригада» аъзо буданду дар хотирам мондааст, менависам: Бектош, Муродзода, Сирус, Ҳилол Карим, Азизӣ, Баҳоутдин Икромӣ, Ҷалол Икромӣ, Обид Исматӣ, Зеҳнӣ, Бухоризода, Раҳим Ҳошим, Хоҳомов, Пайрав Сулаймонӣ ва дигарон. Анҷуман сухан ва таклифи Улуғзодаро бо чапакзаниҳо пешвоз гирифт. Рӯзи дигар моро комиссари маориф – Носир Муҳаммадов дар кабинети худаш қабул карда, масъалаҳои ба Душанбе омадан ва кори моро

пешина
аз 339
навбатӣ