Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
муҳокима кард. Гуфта шуд, ки барои мо як хонаи стандартӣ (аз тахтаю чӯб) дар шаҳраки стандартии Душанбе сохта шуда истодааст, ки дар моҳи октябр ба анҷом мерасад. Ба ҳамаи мо кор тайёр. Ҳар кас хоҳад муаллим мешавад, нахоҳад дар идораҳои рӯзнома ва маҷаллаҳо кор мекунад. Худи ҳамон рӯз ба ҳар кадоми мо бо қимати имрӯзааш қариб ҳазор сӯмӣ пул доданду гуфтанд, ки ин маблағи командировка ва ғайра мебошад. Ба гумонам ба ҳамин тадбирҳо дили моро гарм карданӣ буданд, ки аз қавламон барнагардем ва албатта ба Душанбе, ба кор биёем. Дар ҳақиқат он рӯзҳо ҷумҳурият ба кадрҳои илмию адабӣ эҳтиёҷи калон дошт ва бо ҳамин восита корҳои илмию адабиро равнақ доданӣ буданд.
Ману Баҳоутдин Икромӣ, ки худамон як ҷои кор ва даромади беғаш кофта гашта будем ва аз таъқиботу фишори доданҳои чуғулҳои Бухоро безор шуда будем, ин воқеаро барои худ як амри хайр донистем ва хеле хурсанд шудем. Дар бозгашт бисёрии вакилон ҳамроҳ ва дар як-ду вагон будем. Чи тавре ки гуфтам, поезд аз Душанбе ба Бухоро қариб ду шабу ду рӯз роҳ мегашт. Дар ҳар ҷо меистод, баъзан дар истгоҳҳо соатҳо мунтазири роҳ гаштани поезд мешудем. Дар кадом як истгоҳ паровоз вагонҳоро монда ба ким-куҷо мерафт. Мегуфтанд, ки ба обгирӣ ба канори дарёи Омӯ меравад. Дар ҳамин хел истоданҳо Баҳор ном сароянда ва навозандаи машҳур, ки он вақтҳо мақбули ҳама буд, торашро гирифта, аз вагон мефуромад, мо ҳама ба гирди вай, ба рӯи сабза ва сангҳо менишастем ва ӯ нағмасарой мекард. «Мурғи саҳар» ном суруди ӯро ман дар ҳамин сафар шунида будам. Ин Баҳор, чанд гоҳ дар Душанбе консертҳо обод мекард. Баъд намедонам, дар соли 1933, ё дар соли 1937 ӯро ҳам гирифта ҳабс карданд ва беному нишон рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё