Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Хоҳари ҳамин Баҳор Мулук Баҳор артисткаи хизматнишондодаи театри Опера ва балети мо буд, дар соли 1989 қазо кард.
Воқеаи дигаре, ки дар ин роҳ воқеъ шуд, ҷанҷоли гум шудани пули Б.Икромӣ буд. Дар вагон ману Баҳоутдин, ҳар ду рӯ ба рӯ, дар полки дуюм мерафтем. Рӯзона Б.Икромӣ ҳар замон кисаи пур аз пули худро нишон дода, ана пул, ана пулҷон! гуфта мемонд.
Боре дар вақти хобидани ӯ рафиқон пулашро аз кисааш гирифтаанд. Чун бедор шуд, якбора ба доду вой сар кард. Намедонам касе ба вай гуфт, ё худаш шубҳа карда ба ман часпид, маро ҳақорат дод (ки ман ҳеҷ гоҳ аз вай ин рафторро надида будам) ва пуламро ёфта те, гуфт ва чунон девонагиҳо кард, ки ҳама ҳайрон шуданд... Ниҳоят пулашро доданду вай хомӯш гашт.
Пас аз ин дӯстии байни мо гусиста шуд ва аз ҳамдигар ҷудо шудем. Бале, одами ҳарис, одами танҷашм ва гуруснамурда ва нокас ҳамин хел мешавад. Барои як тин пул дӯсташ, додараш, хоҳарашро мефурӯшад. Б.Икромӣ аз ҳамин қабил одамҳо будаасту ман аз соддагӣ ва бетаҷрибагӣ инро намедонистем.
Модоме ки гап омад, шаммае дар бораи Баҳоутдин Икромӣ: ин, писари дуюм (сеюм)-и муфтӣ Икромҷони машҳур аст, ки устод Айнӣ шарҳи ҳоли ӯро дар ёддоштҳои худ ва дар «Материалҳо оид ба таърихи инқилоби Бухоро» қайд кардаанд. Писари калонии ӯро дар Ғузор бо фармони амир, ҳокими Ғузор ба ҳабс гирифта кушта буд. Писари аз вай хурдӣ - Маъсум Икромӣ буд, ки хонда муаллим шуд ва рафиқи хеле хуб, донишманд буд. Дар охирҳои умраш (соли 1932-40) ба Самарқанд рафта муаллимӣ кард, аз ҳисоб дарс медод, зану фарзандонаш буданд ва дар ҳамон ҷо вафот кард. Баъди Маъсум,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё