Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Баҳоутдин, баъди вай Зиё Икромӣ буд, ки институти тиббии Самарқандром тамом карда духтар шуд ва пас бо чӣ навъе ба устод Айнӣ худро маъқул кард, номи профессориро гирифт ва бо саъю кӯшиши устод ба Душанбе омад, чанд гоҳ дар институти тиббӣ дарс дода, дар бемористони назди институт сардухтур шуд. Боре дар фалокати автомобилӣ сараш кафид, пояш шикаст, дар натиҷа ба майнааш халал расид ва худро шоир ҳам эълон кард. Ҳатто М.Турсунзода дар кадом як анҷумани нависандагон ба вай сухан дод, ки нутқ карда, шеърашро хонад. Баъд маълум шуд, ки ин ҳама аз халал ёфтани майна будааст. Дар бемористон ҳам кор карда натавонист, якчанд духтурҳои леринободӣ ба вай ҳуҷум карда, аз кор гирифтанд ва ӯ маҷбур шуд, ки дар институти педагогӣ муаллим шавад. Ана, дар ҳамин вақт аз зану фарзандҳояш ҳам ҷудо шуд ва аз кадом маҳалле ҳавлӣ харида, танҳо истиқомат кард ва расвоиҳо кард, ки маҷбур шуданд, аз муаллимӣ ҳам ҳай карданд. Ба гумонам ҳоло дар райони Орҷоникидзеобод, дар ҳавлии писари калониаш истиқомат дорад ва ба ҳеҷ ҷо кор намекунад. Ихтилоли майна ҳанӯз ҳам асари худро дорад.
Бародари аз ҳама хурдии онҳо (номашро фаромӯш кардам) чанд гоҳ дар поезди борик (узкоколейная ж.д.) дар зери дасти як рафиқи меҳрубон кор кард, баъд ба муқобили вай баромада ӯро зад ва ба ҷояш нишаст. Пас, ин хислати бад ва рафтораш ӯро ҳам дар охир расво бояд карда бошад.
Аммо Баҳоутдин Икромӣ, ки на аъзои комсомол ва на аъзои партия буд, ба Душанбе омада якбора бе ҳеҷ гап аъзои комсомол шуда монд. Баъд фаҳмем, занашро ба Қурбонов ном котиби СеКа комсомол, ки аз эрониҳои Бухоро буд, ошно карда, бо ин васила соҳиби билети

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё