Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

комсомолӣ гаштааст. Вай чанд гоҳ дар идораи маҷаллаи «Инқилоби маданӣ» кор карду пас ҳамроҳи Қурбонов ба Кӯлоб рафт. Қурбоновро дар Кӯлоб котиби обкоми партия таъйин карда буданд. Пас аз соле аз он ҷо баргашта омаду гуфт, ки вай аъзои партия шудааст. Дигар дар Душанбе кор накарда рафт ба Самарқанд. Баъд фаҳмам, ки занашро талоқ додааст (ин занро дар вақти дар курси дусолаи муаллимтайёркунӣ муаллим буданаш, аз байни шогирдонаш интихоб карда гирифта буд. Номи занаш Муҳаррама буд, ки баъд ӯро Ато Иззат – писари Мирзо Иззатулло махсуми ҷадид гирифт. Аз Ато Иззат фарзанд кард. Ато Иззат хеле ҷавон мурд, вале занак ҳанӯз барҳаёт аст). Баҳоутдин дар Самарқанд ба техникуми хоҷагии қишлоқ мудири илмӣ шуда гашт; зан гирифт, хонаю ҷо кард. Дар соли 1937 ҳабс нашуда монд (зоро худаш агенти ГПУ бошад). Вале баъд маълум шуд, ки техникумро ғорат кардааст. Аз партия ронда, чанд гоҳ ҳабс ва бадарға карданд. Дар охирҳои ҷанг озод шуда боз ба Самарқанд меояд ва дар Ургут ба кадом як курс мудир таъйин мешавад. Дар ин ҷо ҳам аз аъмоли бадаш тавба намекунад; ведомостҳои сохта карда пули давлатро мехӯрад ва боз ҳамроҳи бухгалтераш суд мекунанд, чанд сол дода бадарға мекунанд. Пас аз ду-се сол озод шуда омада, дигар кор намекунад. Ҳоло намедонад дар чӣ аҳвол аст.

Ҳаёт ва зиндагии ин шахс ана ҳамин тавр мегузарад. Пул бошаду мансаб бошаду калонигарӣ бошад. Барои ин ҳар се обрӯ, иззат, номус ва зану бачаро мефурӯшад. Дар дунё чӣ одамони разил ҳастанд, ки аввал мо намедонем, ошно ва ҷӯра мешавем, асрори дили худро мегӯем... Баъде ки вай мисли каждуми зери бӯрё заҳр зад, медонем, ки вай чӣ ноодам будааст. Ман дар умри худ ба чунин номардҳо, ба чунин бевиҷдонҳои бисёре вохӯрдаам, ки навбаташ расад

пешина
аз 339
навбатӣ