Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
дар бораи онҳо низ менависам.
Аз Душанбе бо кисаҳои пур ва димоғи чоқ баргашта оиларо хурсанд кардам. Гуфтам, ки пас аз ду моҳ мо бояд кӯчида равем. Дар Душанбе барои мо хонаи махсус бино кардаанд ва он дар ҳамин қарибӣ тайёр мешавад (аҷаб соддагӣ!). Аммапошшо ва Саодат розӣ шуданд. Ҳаминро қайд кунам, ки ҳамон сол дар аввали сол Саодат ба ман як духтарча оварда буд, ки номашро Мунира мондем.
Дар ин ҷо як саргузаштро, ки аз хотирам баромада мондааст, навиштан мехоҳам.
Ҳамон соле ки (1928) ман аз мактаби олии Самарқанд нағз имтиҳон дода, ба рӯйхати аз мактаб хориҷкардашудагон набуданамро дониста хурсанду шод ба Бухоро баргаштам, Аббос Алиев дар Бухоро мудири илмии курси тобистонаи такрории муаллимон шуда будааст. Ман, ки пештар каме шиносӣ доштам, рафиқонам маро ба назди вай бурданд. Вай маро хуш қабул карду дарҳол муаллими адабиёти ӯзбек таъйин намуд. Ман ки то ба он дам муаллимӣ накарда будам ва усули тадрисро дуруст намедонистам, ҳайрон будам, ки ба муаллимҳо чӣ тавр карда аз адабиёти ӯзбек дарс диҳам. Аз ҷиҳати назария тайёр будам, маълумоти кофӣ доштам, вале таҷриба надоштам. Аббос Алиев гуфт, ки шарм накарда дарс додан гиред, инҳо муаллим бошанд ҳам, дуруст намедонанд.
Рӯзи аввали ба синф даромаданам ва дарси аввал ҳанӯз ҳам аз хотирам нарафтааст. Ба синф ҳамроҳи Аббос Алиев даромадем. Бинам, ҳамон муаллимҳои калонсол, ки баъзе аз онҳо дар вақташ ба худи ман дарс дода буданд, болои партаҳо нишастаанд. Аббос Алиев маро шиносонда, муваффақияти дарсро хоҳон баромада рафт. Ман мондаму як синф пур аз муаллимҳои калонсол, ки бисёрии онҳо ба ман падар ва бародари калон шуда метавонистанд. Ба рӯи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё