Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
онҳо нигоҳ карда, аввал ман даступо хӯрдам ва дақиқае чӣ гуфтани худро надониста мондам. Дақиқае гузашт ва ман худро ба даст гирифта, мақсадамро гуфтам: Мо аз адабиёти ӯзбек, аз таърихи адабиёти ӯзбек сӯҳбат мекунем, гуфтам ва сар кардам аз таърих, вале бесарунӯк гуфтан гирифтам. Хайрият, ки занг шуду ман халос хӯрда баромадам. Дар дарси дуюм яке аз муаллимҳои кӯҳансол ба ман мактубе оварда дод, ки дар он навишта буд: Муаллим Икромӣ асло мулоҳиза накарда дарс додан гиред. Дунё ҳамин хел сохта шудааст: мо муаллимҳо дар вақташ ба шумо дарс медодем, акнун шумо хонда, илм гирифта омада ба мо дарс медиҳед, ҳеҷ гап не!
Ман ин меҳрубонӣ ва ёрии он муаллимро ҳеҷ фаромӯш намекунам. Дар ҳақиқат, пас аз ин хеле далер шудам ва озодона дарс додан гирифтам...
Модоме ки гап дар бораи Аббос Алиев рафт, мехоҳам дар бораи ин шахси машҳур чизе гӯям: Аббос Алиев аз эрониҳои Бухорост. Дар куҷо таҳсил карда, илм омӯхтааст, намедонам, фақат ҳамин қадар медонам, ки вай яке аз инқилобчиҳои Бухоро буда, ҳанӯз пеш аз инқилоб аъзои партияи коммунистӣ будааст. Дар корҳои тайёрӣ ба инқилоби Бухоро хизматҳои намоёне дорад. Дар Чорҷӯй ба корҳои ташкилӣ аввалин анҷумани партияи коммунистии Бухоро иштирок карда, фаъолият нишон додааст.
Пас аз инқилоби 1920, дар комитети марказии партияи коммунистии Бухоро кор карда, ба гумонам шӯъбаи ташвиқот ва тарғиботро идора мекард. Аз ҳамон рӯзҳо як чиз ба хотирам мондааст: соли 1924, моҳи январ дар Бухоро кадом як дастаи артистони тотор, ба гастрол омада, песаи «Йӯлбосар Алим» ва чанд песаи дигарро нишон медоданд. Як шаб дар посоҷ, дар бинои театр ба тамошои «Йӯлбосар Алим» машғул будем, ки нохост дар байни

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё