Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
рафтаистодани бозӣ, пардаро пӯшонданду ба пеши саҳна Аббос Алиев баромад ва гиря карда истода хабар дод, ки «доҳии меҳнаткашони олам», «падари бузургвори мо» — Владимир Ильич Ленин аз дунё чашм пӯшид!» Мо ҳама маъюс ва ғамгин шудем. Театр ва саҳнаро фаромӯш карда, аз ҷо бархостем ва хона ба хона шудем. Рӯзи дигар митинги калоне барпо шуд. Дар ин ҷо ҳам Аббос Алиев ба сухан баромад. Ман, ки Ленинро медонистам, (бори аввал дар бораи ӯ аз падарам шунида будам) ва доҳӣ, роҳбар будани ӯ ба шуури ҳамонвақтӣ ман даромада монда буд ва хусусан пас аз нутқҳои оташбори Аббос Алиев вафоти ӯро дониста хафа шуда будам.
Аббос Алиев дар ҳақиқат нотиқи зӯр буд. Вай ҳам ба тоҷикӣ, ҳам ба русӣ, ҳам ба ӯзбекӣ нутқ карда метавонист. Ҷавони базеб, далер ва боақл буд. Ҳамин қадар айб дошт, ки дар як ҷо ором кор карда наметавонист. Албатта ба яке аз калонҳо мечаспид ва танқид мекард ва бо опозитсия бармехост. Дар Бухоро бо Файзулло Хоҷаев ва дигарон дастбагиребон буд ва бинобар он бисёр кор карда натавонист, гӯё ба Москвов ба хондан рафт. Пас аз ташкили ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муаллимӣ машғул шуд. Дар хотир дорам, ки боре бо рафиқонаш дар Бухоро шӯриш барин ҳодисаро барпо кард. Ҳамаи мактабҳо ва одамони гузарҳоро ба по хезонда ба кӯча намоиш ташкил дод. Мақсад ҳамин буд, ки мактабҳои Бухороро тоҷикӣ кунанд! Дар ҳақиқат, пас аз намоиш тақрибан ҳамаи мактабҳои Бухоро ба забони тоҷикӣ баргардонида шуданд.
Аббос Алиев дар Москов кадом як мактаби олии ҳизбиро тамом кард, ё худаш ҳаракат карда маълумоти олӣ гирифт ва чанд гоҳ дар мактабҳои олии Тошканд (дар дорулмуаллимини тоҷикон, ки дар Тошканд буд) дарси

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё