Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

таърихи партия ва ленинизм медод. Дар соли 1937 ӯро ҳам ҳабс карданд. Ман дар ҳабсхонаи умумии шаҳри Душанбе, аз тирезаи яке аз ҳуҷраҳо ӯро дидам. Пас аз соле озод шуду дар Москва, дар Днепропетровск ва Алмаато кор кард, чун профессор дарс дод ва дар Алмаато нохост дилаш кафида мурд.

Бале, дар Бухоро барои ба Душанбе кӯчида рафтан тараддуд мекардем. Мо хостем, ки қолину кӯрпаю кӯрпача, либосу асбоби рӯзгорро ба багоҷ супорида, гирифта барем. Ягон кас нагуфт, ки о аблаҳ, аввал сабукак худат рафта хонаю ҷоятро дуруст кун, баъд кӯчу кӯчманатро бардошта бар! Ҳамин тавр содда, гапдаро ва бетаҷриба будам ва ягон каси оқил, роҳбар ва маслиҳатгӯ надоштам.

Дар Бухоро ва дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна «Союзтранс» ном ташкилоте буд. Мардум ба сарои он ҷо чизу чораашонро бурда мебандонданд ва ба ҷои лозима багоҷ мекарданд. «Болшой скорий» (тезрав), «Малоскорий» (сустрав) дошт. Ман ҳама асбоби рӯзгорро ба ин «Союзтранс» бурда, аввал ба қолинҳо ва шолҳо печонида бандондам ва баъд багоҷ кардам. Бо худ як-ду-се ҷамадон ва чизҳои заруриро гирифтем, ки то расидани боғоҷ истифода барем.

Моҳи октябр расид. Ман аммапошшо, Саодат ва духтарчаамон – Мунираро гирифта, ҳамроҳи Б.Икромӣ, ки вай ҳам занашро ҳамроҳ дошт, ба Когон баромадем. Дар Когон ба мо Пайрав Сулаймонӣ ҳамроҳ шуд. Вай ҳам ба Душанбе мерафт. Ман аз рӯи «одат» ба вагони мулоим (мягкий) билет гирифтам, Пайраву Б.Икромӣ ба вагони муқаррарӣ – плацкарт. Лекин ҳайрон будам, ки ҳамаи мо дар як вагон будем, рақами вагонамон як буд. Поезд омад, баромада бинем, ними вагон мулоим, нимаш плацкарт

пешина
аз 339
навбатӣ