Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

АдабиётТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

будааст. Плоскард гирифтагон ҷо ёфтанд, аммо ману оилаам беҷо мондем. Дар қисми мулоими вагон ҷо набуд. Маълум, ки билетро барзиёд фурӯхтаанд. Боҳиб, ё хизматгари вагон (проводник) гуфт, ки дар Қаршӣ ҷо холӣ мешавад, ҳоло як ҷо ҳаст. Дар он як ҷо аммапошшо, Саодат ва Мунираро шинонда, худам дар кати Пайрав нишастам.

Пайрав Сулаймонӣ шоири олиҷаноби тоҷик, мумкин аст гуфт, яке аз саромадони шеърияти пасазинқилобии тоҷик, аз «ҷала»-ҳои Бухорост. Падару бобоҳояш туҷҷор буда, бою бадавлат будаанд. Дар солҳои НЭП худи Пайрав ва бародараш Яҳёҷон дар растаи калони Бухоро магазини пойафзолфурӯшӣ доштанд. Пайрав фурӯшандагӣ намекард, лекин Яҳёҷон дар паси тахтаи дӯкон фурӯшандагӣ мекард. Пайрав бо сарулибоси бисёр хуби урупоӣ, дар даст асои базеб, дар чашм айнак гоҳо дар магазин ба болои стул нишаста, бо дӯстонаш сӯҳбат мекард. Вай ҷавони қадбаланд, логарандом, бо чашмони калон-калони бонуфуз, бо симои ҷозиб ва ҷолиб, хушсарузабон ва меҳрубон буд. Вай пеш аз инқилоб дар мактаби «Русский-туземний»-и Когон мехонд. Чи тавре ки худаш мегуфт, то аз дарвозаи шаҳр баромада ба «поездча» (поезди байни Бухоро ва Когонро ҳамин тавр меномиданд) ҷойгир шуданаш, саллаю ҷомаро аз сару тан намегирифтааст. Ҳамин ки поезд роҳ гашт, ҳар ду бародар саллаю ҷомаро аз сару тан дур карда, бо шапкаю формаи мактабӣ ба Когон мерасидаанд. Албатта бо таъсири ҳамин мактаби русӣ ва бо мутолиаи китобҳои бисёр, Пайрав аз ҷавонӣ ба шеъру адабиёт мароқ нишон дода, пас аз инқилоб ба шеърнависӣ сар кардааст. Вай дар Афғонистон, дар сафоратхонаи ҷумҳурияти Бухоро кор карда, баъд ба Эрон меравад, пас дар Москов истиқомат ва кор мекунад, ҷаҳонбинии худро васеъ месозад. Азбаски русиро хуб медонист, аз адабиёти

пешина
аз 339
навбатӣ