Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
классӣ ва замонавии рус нағз истифода бурдааст. Мегӯянд, ки ба як духтари тотор ошиқ шуда «Ишқи духтари Чингиз» ном роман, ё повесте навишта бурдааст. Аммо ин асар чоп нашуда мафқуд гашт.
Вақто ки мо дар поезд ҳамроҳ мерафтем, Сайрав шоири такмилёфта ва хеле боистеъдод ва олиҷаноб шуда буд. Сайрав аз ман даҳ сол калон ва хеле ҷаҳондида буд. Дар сӯҳбаташ шинед маҳву мот мешавед ва худро канда наметавонед. Бе ҷо мондани маро дида, маро ба назди худ шинониду хеле суханони тасаллоомез гуфта, таскин дод. Баъд гуфт, ки то ба Қаршӣ вақт бисёр, ман ба шумо як афсонаи ғалатиро гуфта диҳам. Номи афсона «Ҳастимӣ, ҳастам» аст ва сар кард ба афсонагӯӣ... Ҳамин тавр маро сокӯл карда нишасту худаш ҳам нахобид, то ки ба Қаршӣ расидем ва ман ба ҳуҷрае, ки оилаам дар он ҷо буд, даромада ҷо гирифтам ва хобидам.
Ба Душанбе расидем, ба вазорати маориф рафта аз хона ҷӯӣ шудем. Гуфтанд ки ҳайҳот, хона ҳанӯз буд нашудааст. Хайрият ки дар он ҷо Сулаймонхон Усмонов - ҷияни худро дидем, ки аз мо пештар омада будааст ва дар тараддуди кор будааст. Ӯро Юсуфӣ ном мудири шӯъбаи кадрҳои маориф ба ноҳияи Кангурт, ба мудирияти кадом як мактаб таъйин мекард. Ҳамин Сулаймонхон моро ҳамроҳи худ гирифта бурд ва дар кадом як паскӯҷаи Душанбе (ба гумонам дар мавқеи ҳозираи меҳмонхонаи СеКа), дар кулбаи кампираке ҷо дод. Ин кулба як дари даромад дошт, дигар тиреза ва сӯрохие надошт. Ба замини нами он аз куҷо шолаке ёфта партофтему хобидем. Кошонаҳои Бухоро, гилему қолину кӯрпаҳои адрасу шоҳӣ ва болиштҳои парикуро партофта бошем ҳам, чандон хафа ва пушаймон набудем. Ҷавон будем, ба ҳар сахтӣ ва нотинҷӣ тоқат мекардем. Хусусан ки дар Душанбе аз ҷиҳати кор, аз ҷиҳати ҳурмат ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё