Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
эътибор бартарӣ доштем.
Бале, аз Бухоро аз зодгоҳамон баромада, ба ин хел азоби мусофирӣ дучор шуданамон сабаб дошт. Сабаби он ҷамъият, сиёсат, шароит ва муҳити ҳамонвақта буд. Охир, аз Бухоро фақат мо не, садҳо ҳазор оилаҳои ба худашон тинҷ ва осуда, аз баҳри ҳама чиз гузашта, кӯчида ба кӯи мусофирӣ рафтанд. Ба худамон ноошкор, номаълум моро танг карданд, фишурданд ва ба ҳоламон намонданд. Ин сиёсат ва зулми сталинӣ буд, ин сиёсати ҳамонвақта буд, ки мардуми бисёр нағз, осуда ва мадании Бухороро, зубдаи халқро саркӯб карданд (ба ғайр аз он, ки садҳо бегуноҳонро ҳабсу табъиду тирборон карданд) боз куштанд, ронданд ва аз шаҳр берун карданд. Ҳавлию хонаҳои каршастӣ, гулу гулбуррии мардумро вайрон карданд, обидаҳои таърихиро аз миён бардоштанд, қабристонҳоро вайрон карданд... Ба кӣ лозим буд ин кор? Ба чӣ лозим буд ин кор? Разилон ва нокасони бисёр, ки буданд, аз ин сиёсат, аз ин таъқиби мардум истифода бурданд, соҳиби хонаю ҷою кошонаҳои мардуми бегуноҳи бадарғагашта шуданд... Ин ҳол дар бисёрии шаҳрҳои Осиёи Миёна воқеъ гашт.
Хулоса, ки дар Душанбе, маориф маро ба техникуми педагогӣ муаллим таъин кард. Техникум, чи тавре ки гуфтам, дар қатори кинотеатри Ҷомии ҳозира, пас аз бинои Управленияи ЗАГС, дар кӯчаи (давоми) Ленин воқеъ гашта буд. Мудирият ба ман як қисми роҳрав (коридор)-ро ҷудо карда, пешашро бо тахта банд карда, дар ниҳод ва хонае сохта дод. Ба он хона столу стулҳо ва катҳо монданд. Мо кӯчида омада ба роҳат нафас гирифтем.
Баъд аз оне ки хонаю ҷонок шудем, ба фикри рафта гирифтани багоч афтодам. Ба Союзтранс рафта, ҳамаи чизҳоро ёфтам, ба ғайр аз як лӯнда чиз, ки он иборат буд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё