Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

аз қолини хуби қизилаёқи туркманӣ – бараш дуним метр, қадаш сеюним метр, сандуқчаи бисёр хуби «мавҷ», ки ба дарунаш асбобҳои қиматбаҳо, нуқра ва тилловориҳо буд, дар байни чизҳо ҳамин лӯнда нест. Союзтранс гуфт, ки мо намедонем, он чӣ ки фиристоданд, мо ба шумо додем!

Дуд аз димоғам баромад. Соддагӣ ва бетаҷрибагиро бинед, ки ба ҳеҷ як идора, на ба милиса, на ба прокурор муроҷиат накардам. Бо маслиҳати Союзтранс ба поезд билет гирифта, ба Бухоро сафар кардам. Анбори истгоҳҳои калони байни Душанбе ва Бухороро, Деҳнав, Термиз, Қаршӣ ва ғайраро дида-дида ба Бухоро расидам.

Дар Союзтранси Бухоро гуфтанд, ки мо ҳамаи чизҳоро багоч карда фиристодем, ана санаду қоғазҳо, дигар чизеро намедонем, замин сахт, осмон баланд! Ба хотирам омад, ки дар вақти борбандондан, борбанд як мардаки бухории қаллоб буд. Ҳамаи чизҳоро дида буд. Ҳоло ҳамон мардак набуд, аз кор ҷавоб гирифта рафта буд. Албатта он бори моро ҳамон мардак дуздида, баъд аз кор рафтааст. Мани содда, ба тақдир тан дода, малӯлу парешон ба Душанбе баргаштам. Ҳанӯз ҳам ба гум шудани он молҳоямон диламон месӯзад. Як кӯч – ду толон мегуфтанд, рост баромад. Бале, он молҳоро худамон наёфта будем, соли аммапошшо ва меросӣ буд. Аз мероси падару модаронамон на ба ман ва на ба Саодат чизе нарасид, он чӣ ки расид онро ҳам дуздо бурданд. Ҳоло ҳар чӣ ки дорем, ҳар чӣ ки дар бисотамон ҳаст, бо меҳнати ҳалоли ҳардуямон ёфтшудагӣ ва илоҳо ба мо ва фарзандонами насиб кунад!

Пас аз омадани ҳамаи «Бригадаи зарбдори адабӣ» ба Душанбе, дар назди назорати Маориф комитети илмии «Тоҷикшиносӣ» ташкил шуд, ки сардори он Бектош (Назрулло) буд. Ман ба он комитет коргари илмӣ шуда даромадам. Зеҳнӣ, Пайрав, Муродзода, Муинзода, Неменова,

пешина
аз 339
навбатӣ