Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Роза, Котсис, Болошова ва боз намедонам киҳо кор мекарданд. Комитет ба бинои махсус, ки баъдтар дар он ҷо Горкоми Душанбе ва боз баъдтар Иттифоқи нависандагон ҷо гирифта буд, кор мекард. Марому мақсади Комитет луғат тартиб додан, фолклор ҷамъ кардан ва боз намедонам чиҳо буд.

Б. Икромӣ дар маҷаллаи «Бо роҳи Ленинӣ», ки нашри афкори маориф буда, маҷаллаи муаллимон ба шумор мерафт, ҳамроҳи Азизӣ ва Сирус кор мекард. Улуғзода дар идораи газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» котиби масъул буд. Аз Турсунзода ва дигарон ҳанӯз дарак набуд. Зани пештараи Улуғзода - Клавдия Благовешенская ҳам дар Комитети Тоҷикшиносӣ ба кор даромад.

Дар ин ҷо лозим омад, ки дар бораи Бектош чизе гӯям.
«Бектош» ин тахаллуси вай аст, номаш Назрулло буд.
Ин шахси самарқандӣ, донишманд, таҳсилкарда, дар Москов кадом мактаби олиро хатм карда, саводи кӯҳнаи пухта дошт. Худаш марди қадбаланд, каллакалони сермӯй, логарандом, бо бинии калони нӯкаш сурх, чашмони начандон калон, рӯяш дароз ва ҷозиб набуд. Пештар дар Тошканд ба чӣ кор машғул буда, дар он рӯзҳо, ки бо ман ошно шуд, дар дорулмуаллимини Тоҷикистон кор мекард.
Зан надошт, ё ки аз занаш ҷудо шуда буд. Вақто ки ба Душанбе омад, бо худ як зани миёнсоли русро овард, ки ин занро ман дар кӯчаю бозорҳои Бухоро дида будам. Сабукпоча буд. Дар он биное, ки ҳукумат - маориф ба мо дод, Бектош дар шафати квартирараи мо буд, дар қабати якум мезист. Занаш, боре карасинкаи моро аз роҳравамон дуздида буд, ки баъд рафта аз хонааш ёфтем. Худро сафед карда мегуфт, ки «дар кӯча бесоҳиб мехобид, ман гирифта даровардам». Мухтасар ки зан - зани одами доно ва оқил набуд.

пешина
аз 339
навбатӣ