Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Бектош бо вуҷуди олим буданаш ҳамин хел зан дошт! Худи Бектош аз ҷиҳати ахлоқ баандеша, вазнин набуд. Дурусташ ин ки бадахлоқ буд. Мегӯянд, ки дар вақташ ба босмачиҳо ҳамроҳ шуда, ё ки босмачиҳо ӯро зӯран гирифта бурда, ба худ мирзо карда будаанд. Худи Бектош (рост ё дурӯғ) ба ман нақл карда буд, ки: «як бегоҳ дар меҳмонхонаи касе дар кадом як қишлоқи Самарқанд бо чандин дӯстон ва рафиқон (босмачиён) нишаста будем. Дар байн як зани раққоса ҳам буд. Хуб рақс карду монда шуда, сарашро ба зонуи як босмачӣ монда, дароз кашид. Мо ба майхӯрӣ овара надида мондем, ногаҳон садои «ҳар-ҳар»-ро шунидем, бинем, ҳамон мардак гулӯи занакро бо корд бурида, куштааст... Ин ҳикояти Бектош гувоҳи он аст, ки вай хеле корҳо карда, дар ҷавонӣ ба ҳар роҳ даромада, баромада аст.

Соли 1933 ӯро ҳабс карданд. Он сол бисёр касон ҳабс шуданд, дар он қатор Бектош ҳам. Комилӣ, Абдуқодир Муҳиддинов, Мисбоҳ Бурҳонов ва боз намедонам киҳо ба чоҳи бетаки НКВД афтода ғарқ шуданд. Соли пурдаҳшат, соли гуруснагӣ буд он сол. Мо ҳама зиёиёни тоҷик ба воҳима афтода будем. Ҳама хӯрокворӣ ба норма буда, мардум аз гуруснагӣ мемурданд. Сангпушт, хорпушт намонд, ки дошта хӯранд...

Азбаски ман нисбат ба Бектош некбин набудам, ба газета бо сарлавҳаи «Сухан ба ман» як мақолаи калон навишта, Бектошро ба босмачӣ буданаш, миллатчӣ буданаш айбдор кардам. Навишта шудани ин мақола чанд сабаб дошт. Аввалаш ин, ки ҷавонӣ, довталабӣ, беақлӣ буд. Сониян тарсу ваҳм, ки мабодо маро ҳам ба Бектош ҳамроҳ карда баранд; баъд замона, ва шароит ҳаминро талаб мекард. Пас аз чоп шуда баромадани ин мақола, ман гӯё ба худ амонӣ гирифта бошам, хеле осуда шудам.

пешина
аз 339
навбатӣ