Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Бектош пас аз соле, ё зиёдтар, ба озодӣ баромад. Тобистони ҳамон сол ба Самарқанд рафта будам. Ҳамроҳи Абдуғанӣ Мирзоев дар растаи «Нав»-и Самарқанд қадам мезадам, ки Бектош бо як-ду нафар бо мо рӯбарӯ шуд. Вохӯрӣ кардем. Вай хандон-хандон ба ман хитоб карда гуфт:
— Шунидам, ки «Сухан ба ман» гуфта навиштед, акнун сухан ба ман мешавад!
Ин сӯҳбатро намедонам кӣ ба Г.И.Бройда, — котиби якуми партияи коммунистии Тоҷикистон расонида аст. Бройда дар якумин анҷумани нависандагони Тоҷикистон баромад карда, қариб чаҳор соат нутқ кард. Дар ҳамон нутқаш гуфт: «Шунидам, ки Икромӣ «Сухан ба ман» ном мақола навиштааст. Баъд Бектош гуфтааст, ки акнун сухан ба ман. Не, рафиқон, сухан ба мо, сухан ба партия аст!»
Бектош ин дафъа, намедонам ба кадом институт дарс медод, ё фақат бо корҳои илмӣ машғул буд, дар хотирам намондааст. Фақат ҳаминаш дар хотирам ҳаст, ки ин дафъа вай хеле вазнин буд. Арақхӯрӣ ва бадгардӣ намекард. Ба газетаҳо мақола ва тақризҳо менавишт. Он комитети Тоҷикшиносӣ барҳам хӯрда буд. Пеш аз дуюмбора ҳабс шуданаш (дар соли 1937) корҳои илмии Бектош равнақ ёфта буд. Дар бораи «Сайдои Насафӣ» кори калони илмиро сар карда, мақола ва тадқиқоти илмӣ навишта буд. (Ин мақолаи калон ё ки кори илмӣ-тадқиқотии ӯро ман бо чашми худ дидам, ки дар қатори хирвор дастнависҳо ва коғазҳои одамони ҳабсшудагӣ дар таҳхонаи НКВД парешон мехобид. Пас аз ҳабс озод шуданам ба ман рухсат доданд, ки ба он таҳхона даромада коғазҳоямро ёфта гирам. Бо ман касе набуд. Хостам ки он кори илмии Бектошро бардорам, боз тарсида нагирифтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё