Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

АдабиётТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Дар ҳабсхона маро бо Бектош рӯбарӯ карданд. Муфаттиш Гриша Гаритский буд. Ва дар пешғаҳи кабинеташ да сари стори худ менишаст, маро оварда дар пеши дари даромад, дар як тараф ба курсӣ (табуретка) шинонданд. Дар он тарафи дар Бектошро шинонданд, ки дар дасташ як ҷомачаи кампахта, дар тан курта ва шалвори нимдошт дошт. Ба ман нигоҳ накарда менишаст. Гаритский аз вай пурсид, ки Икромиро мешиносӣ? Гуфт, «ҳа, мешиносам. Ман ӯро ба ташкилоти аксулинқилобии миллатчии худам ҷалб кардагӣ!» Ман якбора девона шудам. «Дурӯғ мегӯяд ин разил!» гӯён аз ҷоям давида хестам ва хостам, ки курсӣро гирифта ба сараш занам. Якбора худи Гаритский ва посбони дар ба сари ман расиданд, маро ба ҷоям шинонда, таҳдид карданд, ки сахт ҷазо медиҳанд ва фармуданд, ки Бектошро гирифта баранд.

Дидори охирини ман бо Бектош ҳамин буд.

Зимистони соли 1930-31 даромад. Мо дар шаҳраки стандартӣ, ки аз маркази шаҳр (аз назди почтаи марказӣ то ҷои ҳозираи кумитаи марказӣ) як дараҷа ҷудо буду кас ба воситаи майдонии ноҳамвор мерафт, хона доштем. Дар он хонаи дуқабата Бектош, Бухоризода, Зеҳнӣ, Улуғзода, Б. Икромӣ ва боз намедонам киҳо ва мо зиндагӣ мекардем. Мили об (водопровод) набуд, обро бо ароба ва бӯчкаҳо мекашиданд ва мардум навбат истода, сатилҳоро пур карда мегирифтанд. Электрик набуд, лампаи керосинӣ месӯхтем. Андак борон борад ба шаҳрчаи мо рафтан азобе буд. Калӯшҳо ба лой часпида мемонданд ва бинобар он мардум ё мӯзаҳои солдатӣ (кирзагӣ) мепӯшиданд ё бо калӯшҳои чуқур роҳ мегаштанд. Дар дасти аксарият асо ё калтак буд. Хусусан шабҳои зимистон — султони бедодгар

пешина
аз 339
навбатӣ