Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
касе аз хона намебаромад. Ягона дилхушии мо радио буд, ки гоҳо гап мезад, гоҳо не. Боз ҳамин ки ба хонаи ҳамдигар ҷамъ мешудем, сӯҳбат мекардем. Агар театр, ё маҷлис шуда монад, шабона бо сад азоб ба хона мерасидем ва дергоҳ шустушӯ карда, аз лой худро тоза мекардем. Аз миёни шаҳрчаи мо як кӯчаи калон (ҳозира Партизани сурх ё М.Турсунзода) мегузашт. Дар ду тарафи кӯча, ҳаштой — шонздаҳ иморати тахтагии дуқабата буд. Дар байни ҳар чаҳор иморат майдоне буд, ки дар он ҳоҷатхонаҳо ва қуттии ахлотпартой буд. Аз марказ аз тарафи кӯчаи Ленин ба воситаи майдонҳои холӣ мерафтем.
Пайрав Сулаймонӣ ҳамроҳи бародараш — Яҳёҷон дар хонаи Нашриёт, дар он сӯи роҳи калон истиқомат дошт, гоҳо дар хонаи Пайрав ҷамъ мешудем. Пайрав бо бародараш як навъ винои дастӣ тайёр карда буданд, ки номашро «Пайраввино» монда буданд. Аз ин вино менӯшидем. Сӯҳбатҳои хуб барпо мешуд. Яҳёҷон сураткашӣ мекард. Пайрав шеър мехонд. Боре «Дасти булӯрин» ном шеърашро, ки худи ҳамон рӯз (ба Броувд) навишта буд, ба мо хонда дод.
Дар ин ҷамъомадҳои мо Раҳим Ҳошим тақрибан иштирок надошт. Вай дар яке аз хонаҳои ҳавлии ҳукуматӣ ҳамсояи Дайламӣ шуда иқомат мекард.
Ҳамон сол охири тирамоҳ, як рӯз дар хонаи Аскарони Сурх якумин анҷумани Комсомоли Тоҷикистон барпо шуд. Дар қатори дигар нависанда ва зиёиёни тоҷик ману Пайравро ҳам хабар карданд. Мо мамнунона ин даъватро қабул карда рафтем ва дар толори калону равшану серодам хурсанду шод нишаста будем, ки (ҳанӯз анҷуман оғоз наёфта) Бектош ба ману Пайрав омада гуфт, ки «оҳиста аз толор баромада раветон, гап ҳаст, ки Ғ.Ализода пеш аз сар шудани маҷлис аз минбари анҷуман баромада мегӯяд, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё